Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 тӯби беҷавоб ба дарвозаи Макао


Тими футболи Тоҷикистон дирӯз дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи D барои дарёфти Ҷоми даъвати Конфедеросюни футболи Осиё (AFC) дар варзишгоҳи Азизи шаҳри Даккаи Бангладеш тими Макаоро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дод. Бозии байни тимҳои Покистону Қирғизистон бо натиҷаи 1 бар 0 ба фоидаи покистониҳо анҷом ёфт. Дирӯз дар гурӯҳи B футболбозони Шри Ланка бар ҳарифони худ аз салтанати Бруней бо натиҷаи 1 бар 0 ва тими Непал бар Бутан бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омаданд.

Мусобиқот барои Ҷоми даъвати AFC бо ширкати 16 кишвари осиёӣ дар Бангладеш рӯзи шанбе, 1 апрел оғоз ёфт. Тими Фаластин дар нахустин бозии гурӯҳи С тими Гуамро бо ҳисоби ҳайратангези 11 бар 0 ва Бангладеш Камбоҷаро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст доданд. Дар гурӯҳи A тими Ҳинд бо натиҷаи 2 бар 0 бар тими Афғонистон ва Тайван бо ҳисоби 1 бар 0 бар тими Филиппин ғолиб омаданд.
XS
SM
MD
LG