Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Эрон аз ША СММ


Эрон дирӯз Шӯрои Амният (ША)-и Созмони Милали Муттаҳид (СММ)-ро ба маҳзи фишоре, ки ба хотири қатъи барномаҳои ғанисозии ураниумаш болои ин кишвар овардааст, интиқод кард, вале гуфт, ҳамкориаш бо созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаиро рӯи ин мавзӯъ идома хоҳад дод.

Алиасғар Султония, сафири Эрон дар созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, ба муҷарради бештар шудани дахолати ША, авзоъ бадтар шуд. Вале, афзуд вай, бояд аз роҳи мухолифат ҷилавгирӣ кард. ША ҳафтае пеш бо иттифоқи оро изҳоротеро қабул кард, ки Эронро ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум даъват мекунад. Алиасғари Султония гуфт, Теҳрон қасди барои сохтани силоҳҳои ҳастаӣ истифода бурдани ин барномаҳоро надорад ва барои музокирот рӯи ин мавзӯъ боз ҳаст.

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс дирӯз гуфт, Вошингтон мӯътақид ба роҳи дипломатии ҳалли бӯҳрони уфтода бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон боқӣ мемонад.

Эрон зимнан дирӯз аз озмоиши муваффақи мушаки нави рӯиобиаш хабар додааст. Телевизиони Эрон гуфт, ин мушак 100 метр дар сония суръат гирифта, қобил ба бурдани кӯлоҳакҳоест, ки қодир ба тахриби киштиҳои ҷангианд. Рӯзи ҷумъа Эрон ҳамин тавр дар бораи озмоиши низ муваффақи мушаки нави замин ба заминаш хабар дода буд. Он мушак қобил ба бурдани кӯлоҳакҳои 45-килоӣ ба масофаи болиғ аз 45 километр будааст.
XS
SM
MD
LG