Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати САҲА аз Тошканд дар мавриди рӯйдодҳои Андиҷон


Раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) вазири хориҷаи Белжик Карел де Гухт аз Узбакистон даъват кард, дар бораи рӯйдодҳои хунини моҳи майи соли гузашта дар Андиҷон маълумоти комилтареро ироа кунад. Карел де Гухт дар баёнияаш мегӯяд, чунин ибтикор ба давлати Узбакистон кӯмак хоҳад кард, ки дар оянда аз вуқуъи чунин ҳаводис пешгирӣ кунад.

Мақомоти Узбакистон шумораи мардуми кушташуда дар Андиҷонро 187 нафар мегӯяд, вале гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар теъдоди қурбониҳои Андиҷонро бамаротиб бештар тахмин мезананд.

Карел де Гухт рӯзи шанбе, 1 апрел, дар поёни силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Узбакистон дидан кард. Ӯ дар Тошканд бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва бо вазири хориҷаи он кишвар Элёр Ғаниев ва ҳамчунин бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ мулоқот кардааст.

Карел де Гухт ҳамчунин аз мақомоти Узбакистон даъват кард, ислоҳотро - суръат дода ва ҷомиаи шаҳрвандиро дар кишвар тақвият бахшанд. Оқои де Гухт гуфт, афзоиши фишор болои созмонҳои ғайридавлатӣ, ки тайи чанд моҳи охир мушоҳида мешавад, ӯро нигарон сохтааст. Раиси давраии САҲА гуфт, ин созмон барои идомаи гуфтугӯ бо давлати Узбакистон омода ҳаст, ба вижа дар мавриди иҷрои тарҳҳое марбут ба мубориза алайҳи терроризм, тавсиъаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияи ҷомиаи шаҳрвандӣ.
XS
SM
MD
LG