Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ногаҳонии Райсу Стро ба Бағдод ва бозгашти Ҷил Карол


Вузарои хориҷаи Амрикову Бритониё Кондолиза Райс ва Ҷак Стро зимни боздиди ногаҳонии худ аз Бағдод хостори ҷидду ҷаҳди ҷиддитари раҳбарони Ироқ ҷиҳати ташкили як давлати ваҳдати миллӣ дар он кишвар шуданд.
Хонум Райс ва оқои Стро дар Бағдод бо раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ, сарвазири феълӣ Иброҳими Ҷаъфарӣ ва бо мақомҳои дигари ироқӣ мулоқот доштаанд.

Кондолиза Райс гуфт, сабри мардуми Ироқ лабрез мешавад ва раҳбарони кишвар набояд халоъи қудратро, кидар пайи интихоботи парлумонии 15 декабр ба вуҷуд омад, боз ҳам идома диҳанд. Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ дирӯз ба Си Эн Эн гуфт, дар ғайри сурати ташкили ҳар чӣ зудтари давлати нав хушунатҳо дар Ироқ бештар авҷ хоҳанд гирифт.

Сафари ду дипломати аввали Амрикову Бритониё ба Ироқ дар ҳоле сурат мегирад, ки хушунатҳои мазҳабӣ дар он кишвар ҷӯш зада ва сунниҳову курдҳо мухолифи дар мақоми сарвазир боқӣ мондани Иброҳими Ҷаъфарианд.

Дирӯз ҷангиёни ношинос масҷиди шиъаҳоро дар шаҳри Бақуба, дар шимоли Бағдод тахриб кардаанд. Аммо ин ҳамла бидуни қурбонӣ анҷом ёфтааст. Дар Бағдод аҷсоди 40 нафари дигари кушташударо пайдо кардаанд, ки аз сар ва сина тир хӯрдаанд. Ва дар Зубаъа дар ғарби Бағдод чирикиҳо як шайхи суннӣ мавсум ба Абдулминъом Оводро сари тир кардаанд. Далели ин сӯъиқасд ҳанӯз рӯшан нест. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, аҷсоди ҳарду халабони чархболи дирӯз дар ҷанубуғарби Бағдод суқуткардаи Апачиро пайдо кардаанд. Бовар меравад, ки ин чархбол дар натиҷаи ҳамлаи чирикиҳо суқут кардааст.

Ва хабари дигар аз Ироқ мегӯяд, Ҷилл Каролл, хабарнигори маҷаллаи амрикоии Кристчиан Сайенс Монитор, ки се моҳ боз дар Ироқ дар гарав ба сар мебурд, баъди раҳоӣ аз роҳи Олмон ба назди хонаводааш ба Бостони Амрико баргаштааст. Ҷилл Каролл рӯзи 30 март озод шуд. Ӯро рӯзи 7 январ силоҳбалдастоне, ки тарҷумони ӯро куштанд, дар ғарби Бағдод ба асорат дароварда буданд. Рӯзи шанбе Ҷилл Каролл баёнияҳои қаблиии видиёияш алайҳи ҳузури Амрико дар Ироқро, ки гаравгонгирҳо нашр мекардаанд, такзиб кард ва гуфт, ӯ ин ҳарфҳоро ба хотири ҳифзи ҷон ба забон меовард.
XS
SM
MD
LG