Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот дар ҷаҳон зери фишори сангин аст


Кетлин Мур Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии матбуот баррасии солонаи озодии матбуотро нашр кард ва дар он гуфта мешавад, дар соли гузашта 65 журналист -- 23 журналист дар Ироқ, 20 нафари дигар дар кишварҳои осиёӣ ва 11 нафар дар қитъаи Амрико кушта шудаанд.

Се нуктаи фарқкунандае ки дар ин гузориш зикр шудаанд, инҳоянд. Аввалан, зӯргӯиву зӯроварӣ ба журналистон акнун қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Онҳо бо таҳдид, таъқиб, ҳамла, ҳабс ва латукӯб рӯбарӯянд.
Таркишҳои террористӣ дар Аврупои Ғарбӣ сабаб шудааст, ки Кумисюни Аврупо сиёсати наверо дар пеш гирад ва аз журналистон талаб кунад, ки набояд фаъолияти касбии онҳо ба таблиғи терроризм шабоҳат пайдо кунад. Ин нуктае ки муайян кардани он душвор аст ва ҳамаи журналистонро зери хатар мегузорад. Ва сеюм, давлатҳои Осиё кӯшишҳоеро сар кардаанд, ки шабакаи интернетро зери назорат гиранд ва сонсур кунанд.

Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии матбуот, ки соли гузашта вазъи кори журналистонро дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ шумурда буд, имсол мегӯяд, журналистони тоҷик пайи ҳам, яке паси дигар ба зарбаҳои мақомоти давлат ва додгоҳ рӯбарӯ шуда, чандин нашрия маҷбур ба қатъи фаъолият кард. Дар гузориш бисёр бад шудани вазъи журналистон дар Ӯзбакистон ба рӯйдодҳои Андиҷон пайванд дода мешавад, аммо изофа мегардад, ки бад шудани вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон ягон далели мушаххас надорад, ҷуз тоза кардани ба истилоҳ майдон, пеш аз интихоботи порлумонӣ ва президентӣ.

Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии матбуот дар бораи Қирғизистон мегӯяд, ахиран дар ин ҷо тағйироти зиёде ба амал омад ва нақшаҳои зиёде омода шуданд. Аммо худи журналистон дар Қирғизистон мегӯянд, чандон дигаргуниҳои муҳиме рӯ назадааст. Дар ҳоли ҳозир вазъи озодии матбуот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон то андозае шабеҳи ҳам аст, вале самтгириҳо фарқ дорад. Дар Қирғизистон ҳаракат ба самти озодии комили матбуот аст ва дар Тоҷикистон баракс ба самти пойбанд кардани пурраи он.
XS
SM
MD
LG