Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи шӯриш дар зиндони Қӯрғонтеппа ба поён расид


Додситонии вилояти Хатлони Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи шӯриши зиндониён ва ҳалокати чанд нафари онҳоро ба поён бурдааст. Муҳаммадалӣ Абдулҳақов, ноиби аввали раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, хабари ба додгоҳ расидани парвандаи мазкурро тасдиқ кард ва гуфт, муҳокимаи он дар нимаҳои моҳи апрел сар мешавад. Аввали моҳи октябри соли гузашта 38 зиндонии маҳбаси Қӯрғонтеппа даст ба эътироз ва коршиканӣ заданд. Манбаъҳои расмӣ сабаби ошӯбро дар табдили раҳбари маҳбас ва ташдиди низоми он мебинанд, аммо пайвандони муҳбусон мегӯянд, бо баҳонаи низоми сахти маҳбас, онҳо иҷоза надоштанд, аз наздикони худ хабар гиранд ва ин сабаби асосии шӯрише шудааст, ки дар ҷараёни он 3 зиндонӣ ба ҳалокат расид. Мақомоти расмӣ дар рӯзҳои воқеъа аз нашри ахбор дар бораи он пешгирӣ карданд. Охиран шикояти маҳбусон аз вазъи нигаҳдошти онҳо ва бадрафтории нозирони зиндонҳо зиёд шудааст. Моҳи гузашта Вазорати адлияи Тоҷикистон номаи 53 маҳбуси зиндони Хуҷандро баррасӣ кард, ки дар он аз чунин вазъ изҳори нигаронӣ шуда, маҳбусон гуфтаанд, ба нишони эътироз гуруснашинӣ хоҳанд кард. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъият дар маҳбасҳо хеле хуб аст.
XS
SM
MD
LG