Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷа Насриддин дар Маскав


CA

Дар шаҳри Маскав, дар назди истгоҳи метрои "Молодежная" дар рӯзи ҷаҳонии ханда, 1-уми апрел пайкараи Хоҷа Насриддин ифтитоҳ ёфт. Мулло Насриддин ва ё Насриддини Афандӣ қаҳрамони машҳури латифа ва ҳавҷияҳои тоҷикӣ буда, ҳамчун шахси шӯху ширинкор ва фошкунандаи хислатҳои бади инсонҳо шӯҳрат дорад. Дар Русия ӯ на танҳо қаҳрамони адабиёти форсу тоҷик дониста мешавад, балки ба мардумони дигаре ки низ аз хушгӯиҳои Хоҷа Насриддин истифода мекунанд марбут дониста мешавад. Дар бораи расми кушоди ҳайкали мулло Насриддин дар Маскав, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод гуфт, маросим бо тантана сурат гирифта, дар пояи ҳайкал як каф хок аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои шарқӣ гӯронида шуд. Ташаббускори гузоштани ҳайкал Бунёди ҷамъиятии "Муколамаи тамаддунҳо" мебошад ва намояндаи он Елена Коршунова мегӯяд, Хоҷа Насриддин симои касеро дорад, ки ҳамеша дар роҳ аст, дар ҷустуҷӯи хирад ва хубӣ. Пайкaрасоз Андрей Орлов, ки тарҳи ҳайкалро сохтааст, мегӯяд, кор барояш осон буд, зеро аз кӯдакӣ мафтуни афкор ва хислатҳои Хоҷа Насриддин будааст.
XS
SM
MD
LG