Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳалгароӣ: Таҷрибаи рӯзгор


Наврӯз Некбахтшоев Баҳсе дар бораи маҳалгароӣ, ки бо як мусоҳиба ва ду мақолаи Акбари Турсон сар шуда, бо даҳҳо номаи хонандагону шунавандагон ва як нашри пурраи барномаи "Ҳамнафас" идома кард, имрӯз бо ин матлаби ҳамнафаси мо дар Амрико густариши бештар пайдо мекунад.

Маҳалгароӣ ҳақиқатан ҳам падидаи аҷибест.
Ба ақидаи бархе аз ҷомеашиносон, тарафдорони модернизатсия ё пешрафти иҷтимоӣ асосан бо саноатсолорӣ, урбанизатсия ва босаводкунии омма шеваи зиндагии суннатиро аз байн бурда, бо ин ба иртиботи фард бо ҷомеа шакли нав мебахшанд.Агар фард пештар дар зиндагии рӯзмарра ба ҷомеа ё ин ки авлод, қавм, хешу табор такия мекард, дар аҳди модерниза он ба чандин таъсирҳои бегонакунанда рӯбарӯ мешавад ва ҳамин тавр ногумон ба заъфи ин пайвандҳои хунии хеш мепардозад.

Иттиҳоди шӯравии пешин барои маҳви пасмондаҳои суннатӣ, яъне шефтагии маҳдуд ба қавм, маҳал, авлод ва модернизаи фарҳангӣ ва зербиноӣ кор гирифт. Дар натиҷа Тоҷикистон, тибқи омори даврони шӯравӣ ба яке аз ҷумҳуриҳои дунявӣ табдил ёфт, вале бар асари решкании одатҳои суннатӣ қавму маҳалгароӣ на танҳо аз байн нарафт, балки тадриҷан табиат ва вазифаи нисбатан нав касб карданд. Аз ин лиҳоз, "маҳалгароии муосир", ки аз низоми модерни шӯравӣ сар зад, ба ин ақидаи ҷомеашиносон мухолифат мекунад.
Таваҷҷӯҳ кунед: Дар муҳите ки сиёсати давлат маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ ва қавмгароиро мухолифи усули секулярӣ мешумурд ва ҳар натиҷаеро, ки дар асоси робитаҳои хунӣ ба даст оварда мешавад, мамнӯъ эълон мекард, одамон кӯшиш мекарданд, робитаҳои худро ифшо накунанд, то ба ҷинояткорӣ айбдор нашаванд. Дар он давраи шӯравӣ одамон, бахусус дар мансабҳои давлатӣ, бо ҳар роҳу восита шаҷара ва зодгоҳи худро пинҳон медоштанд. Рақибон метавонистанд, ин маълумотро ба манфиати худ истифода кунанд ва пеши роҳи шахси мансабхоҳро бубанданд. Таҳти таъсири ин омилҳо маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ аз назари ҷомеа пинҳон буд, вале ин чунин маъно надорад, ки ҳарчи аён нест, мавҷуд нест ва ё камаҳамият аст.

Сабаби дуввум, ки ба боқӣ мондани хешуқавм ва маҳалгароӣ созгор омад, ин коллективонии деҳот буд. Агар ба омори даврони шӯравӣ назар кунем, мебинем, ки аз ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ танҳо Тоҷикистон ба ҳисоби дарсад аз муҳоҷирати деҳотиён ба шаҳрҳо бархӯрдор набуд. Лозим ҳам набуд, зеро Русия барои пешбурди саноати нимавазнин аз русҳо ва уркаинҳо кор мегирифт. Аҳолии таҳҷоӣ аз ҳар ҷиҳат бо кор дар замин банд шуда буд. Ба ин сабаб, ҳувияти марбут ба колхозу совхоз як пардае шуд, ки ҳувияти аслиро пӯшонд. Ҳар колхоз ё совхоз аз шумори муайяни авлодиҳо иборат буд, аммо ба иллати хатар доштани насабу авлодӣ, мардум бартарӣ медод, ки худро аҳли фалон колхоз ё совхоз муаррифӣ кунад. Ин ҳам як сабабе шуд, ки маҳалгароӣ пинҳон монд ва аз байн нарафт.

Барои иҷрои планҳои панҷсола ҳукумати шӯравӣ ташвиқ мекард, ки нирӯии кор дар кишоварзӣ тақвият ёбад. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон аз лиҳози замини корам аз дигар ҷумҳуриҳо бенасибтар буд. Муҳоҷирате ки дар ин замина сурат мегирифт, ба омезиши мардуми маҳалҳои гуногун хизмат намекард, зеро одатан аҳолии як минтақаро ба пуррагӣ хезонда, дар ҷои дигар ва барои коркарди пахта боз ҳам дар якҷоягӣ муқим мекарданд. Дар натиҷа омезиши миллӣ рух надод, балки баракс зонаҳои хатар сохта шуд, ки зимни фалокати демографӣ, камбуди обу замин, ба муносибатҳои байни гурӯҳҳои қавмӣ шиддати нав ворид намуд. Аз ин ҷиҳат бурузи бӯҳрон ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ маҳз дар чунин зонаҳои хатарзо чандон тааҷҷубовар нест. Ҳамзамон ин шиддат аз деҳот ба шаҳр кӯчид ва барои рақобати тунд танҳо як ангеза лозим буд ва он ангеза фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ шуд.

Саромадони гурӯҳҳои қавмию авлодӣ барои мансабу мақом ва имконияти беҳбуд бахшидан ба аҳолии маҳалҳои муайяни худ вориди талошу даргириҳо шуданд. Як решаи дигари чунин талошҳо низ аз низоми шӯравӣ берун меомад, ки онро метавон "иқтисодиёти камчинӣ" ва ё камёфтии захираҳои ҳаётӣ номид. Ин "дефитсит" сабаб мегашт, ки мардум дар навбатҳои дароз интизор бимонанд ва гоҳе ҳам хостаи худро ба даст наоранд. Моли тавлидмешуда камсифат ва он ҳам ноёб буд ва мардум маҷбур буд, онро ҷустуҷӯ кунад. Мансаби давлатӣ ва узвият дар чунин шабакаҳо метавонист, ин ҷустуҷӯро сабуктар ва комёбтар гардонад. Ин ҳолат ҳамчунин ба ташаккули шабакаҳои хешутаборӣ сабаб гардид. Таваҷҷӯҳ кунед ба истилоҳи "шабака", зеро акнун гурӯҳи марбут ба маҳал ё қавму авлод камаҳамият мешавад ва ҳар шабака аз рӯи вазифа ва шакл фарқ мекард. Ин сохтор акнун бар мабнои пайвандҳои хунӣ, ҳирфаӣ ва ғайрихунӣ низ амал мекард.
Кӯтоҳи сухан, дидем, ки то чи андозае давлат ва сиёсатҳои он метавонанд ба ҳар падида шаклу вазифа ва аҳамияти нав бубахшанд, ҳарчанд роҳбарони давлат метавонанд, аз паёмадҳои чунин сиёсат аслан огоҳ набошанд.

Дар ҳоле ки ҳукумати шӯравӣ ин шабакаҳоро зери назорат нигаҳ медошт, бо фурӯпошии он онҳо гӯё аз пинҳонгоҳҳои худ берун шуданд ва рақобати байни шабакаҳои кӯҳнаву нав ба аҷи худ расид. Ҷомеа фурсати онро надошт, ки дар ҷойи низоми фурӯрафтаи қудрат нирӯи омода ва муттаҳидеро ба саҳна орад. Дар натиҷа шабакаҳои маҳалгаро ошкоро вориди саҳнаи сиёсӣ шуда, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ яке аз онҳо қудратро ба даст гирифт ва бо сулҳи Тоҷикистон бархи дигарро ба қудрат то ҷое шарик кард. Ва ҳоло ин шабакаҳо нигаҳдорандаи суботи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Пас дар ҳоле ки маҳалгароӣ то андозае пояи ин давлат аст ва низоми сиёсист, оё худи давлат манфиатдор ҳаст, ки таъсири манфии маҳалгароиро аз байн барад?

Пас оё маҳалгароиро, ки дар шакли консептуалӣ ба қавмгароӣ рост меояд, аз байн бурдан мумкин аст? Ба таҷрибаи чандинасраи сиёсати секуларии Русия нигоҳ карда, ноком шудани кас аҷаб нест. Ба ақидаи ман, лозим ҳам нест, ки ба аз байн бурдани он кӯшид, зеро ин номумкин аст. Ба онҳое ки таърихро як таҷрибаи пандомӯз мешуморанд, лозим аст ба таърихи Тоҷикистон дар аҳди шӯравӣ нигоҳ кунанд ва пай бибаранд, ки чӣ бояд кард.
Шояд метавон 2 роҳиҳалро пешниҳод кард:
1. Талоши ворид сохтани шаффофият дар кори ҳукумат.
2. Таъсиси механизмҳои тақсими баробари захираҳо.
Паёми гузашта ин аст, ки аз он сиёсатҳои иштибоҳомези шӯравӣ даст кашида, ба сиёсате дар асоси усули меритократӣ (шоистасолорӣ) ва плуралӣ (чандандешӣ) амал кунанд. Ин усулро ҳамчунин иқтисоди бозор низ тақозо мекунад. Пас ба ин гуна иқтисод бояд омода шуд, вагарна дар сохти ҷомеаи қабл аз феодалӣ (зеро ин шакли давлатӣ аз рӯи табақаи синфӣ машҳур буд) ва дар Тоҷикистон ҳозир ин гуна синфҳо вуҷуд надоранд, қарор хоҳем дошт.

Баҳори 2006,
Донишгоҳи Дукюсени Питтсбург,
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
XS
SM
MD
LG