Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба ҳукми додгоҳи Петербург


CA

Идораи додситонии шаҳри Санкт-Петербург аз ҳукми додгоҳи ин шаҳр дар робита ба ҷазои қотилони Хуршеда Султоноваи 9-сола розӣ нест ва тасмим дорад дар ин бора дар муддати 10 рӯз ба додгоҳи олии Федерасюни Русия муроҷиат кунад. Ҳамчунин падари Хуршеда Султонова вакили мудофеъ вай, Палатаи ҷамъиятии Русия ва раиси Маркази фарҳанги исломии Русия дар паёме ба унвони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Додситони кул ва Додгоҳи олии Русия низ аз ин ҳукми додгоҳ изҳори нигаронӣ карданд.
Рӯзи ҷумъа дар як нишасти матбуоти Нателла Понаморева вакили хонаводаи Хуршеда Султонова аз лацви иттиҳоми ҷурм ба шеваҳои милигароӣ ва нажодпарастона аз ин парвандаи ҷиноӣ изҳори норизоӣ кард. Нателла Пономарева афзуд: «Ман фикр мекунам, ки ҳайати мунсифа раҳмхорӣ кард.»
Дар этироз ба гуфтаи Пономарева Абдулвоҳид Ниёзов раиси Маркази фарҳанги исломии Русия гуфт, ки онҳо ба кудаки кушташуда раҳм нахурданд аммо ба бачаҳои авбош раҳм хӯрданд.
Назари Мирзода, раиси ҷаъмияти тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург мавсум ба «Сомониён» дар бораи ин нишасти матбуотӣ гуфт, рӯзи ҷумъа ҷавонон дар шаҳри Санкт-Петербург дар робита ба ҳукми додгоҳ намоиши эътирозӣ барпо карданд ва ҳукмро ноодилона хонданд.
Расули Шодон, Маскав
XS
SM
MD
LG