Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии сафорати Афғонистон дар Душанбе


Сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе дар паи зиндонӣ шудани 17 шаҳрванди афғон дар вилояти Хатлон ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол кардааст. Ғуломрасули Юсуфзод, мушовири намояндагии дипломатии Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки расонаҳои Тоҷикистон хабари зиндонӣ шудани шаҳрвандони Афғонистонро 10 рӯз қабл интишор дода буданд, мақомоти ин кишвар то ба ҳол ба сурати расмӣ сафорати Афғонистонро дар ҷараён нагузоштаанд. 16 март Додгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 17 шаҳрванди Афғонистонро, ки аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ унвон шуда буданд, бо айбномаи одамрабоӣ, куштор, убури ғайриқонунии марз ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир ба мӯҳлати аз 2,5 то 25 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Мушовири сафорати Афғонистон мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ному насаби маҳбусони афғон ва тафсилоти дигарро ба намояндагии дипломатии Афғонистон рӯшан кунад. Аммо Муҳаммадалӣ Абдулҳақов, муовини аввали раиси Додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, то замоне, ки ҳукми додгоҳ қувваи қонунӣ нагирад, додгоҳ наметавонад, ба сафорати Афғонистон дар бораи зиндонӣ шудани шаҳрвандони ин кишвар маълумоти расмӣ диҳад. Вай гуфт, дар ояндаи наздик додгоҳ ба намояндагии дипломатии Афғонистон дар шаҳри Душанбе оид ба боздошт ва равонаи зиндон гардидани 17 шаҳрванди ин кишвар хабар мерасонад. Ҳамзамон, мувофиқи иттилоъи додгоҳи вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Панҷ, 200-километрии пойтахти Тоҷикистон низ муҳокамаи чанд шаҳрванди Афғонистон, ки бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, идома дорад.
Носирҷони Маъмурзода, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG