Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонҳои Тоҷикистон киҳо будаанд?


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии дзюдо, ки бо ширкати беш аз 200 паҳлавон дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд, шоми ҷумъаи 31 март ба поён расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ гуштигирони маъруфи кишвар - Олимҷон Зикаев, Шералӣ Бозоров, Рауф Ҳикматов, Парвиз Собиров, ҳарчор аз шаҳри Душанбе, бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо, аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Муҳаммадамин Хонов аз ноҳияи Ҳисор ба унвони қаҳрамонӣ сазовор шуданд. Гуштигири душанбегӣ Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни мутлақ мақоми аввалро касб кард.

Як хабар барои мухлисони шатранҷ. Мусобиқаи наврӯзии шатранҷбозони кишвар дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии устоди байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов хотима ёфт. Вай дар нӯҳ дидор ҳафт имтиёз ба даст овард. Дар сабқати шатранҷбозони ҷавон Марворид Насриддинова миёни духтарон ва Мирзотош Отаҷонов байни писарон мақоми аввалро касб карданд.

Хабари дигар. Бино ба иттилоъи Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии тобистонаи махсуси олимпӣ (Special Olympiсs), ки соли 2007 дар шаҳри Шанхайи Чин доир мешавад, 18 варзишгари Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Бар асоси квотаи муқарраркардаи кумитаи тадорукоти ин бозиҳо чаҳорнафарӣ дар риштаҳои варзиши сабук ва тенниси рӯи миз, даҳ нафар дар риштаи футбол рақобат мекунанд. Ҳамчунин ба ҳайати варзишии Тоҷикистон панҷ мураббӣ дохил мешаванд.

Ва хабари охирин. Рӯзҳои 1 ва 2 апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквон-до миёни кӯдакону наврасони аз 6 то 17-сола баргузор мешавад. Ба гуфтаи Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсиони таэквон-до ITF-и Тоҷикистон дар рақобатҳо ширкати беш аз 200 варзишгар аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Истаравшан ва ноҳияи Зафаробод дар назар аст.
XS
SM
MD
LG