Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби Буддо ё шикасти Толибон?


Филм аз навори манзараҳои табиати нодири дараи Бомиён дар минтақаи дурдасти шимолу шарқи Афғонистон ифтитоҳ мешавад. Пайкараҳои Буддо миёни ин талу теппаҳои қабои сабз пӯшида офарида шуданд ва қарнҳо аз тундбодҳои таърих газанд наёфтанд. Ва фақат дар қарни бисту як гурӯҳе онҳоро барои худ бегона хонда даст ба тахрибашон заданд.
Таҳиягари швейсарӣ тамошобинро бо худ ба Қатару Канада ва Чину Фаронса мебарад то ҳамроҳ ба суоли "То куҷо фарҳанги Афғонистон ва ҷаҳон ба ин пайкараҳо ниёз дорад?" посух пайдо намояд. Ӯ ҳамчунин аз пайраҳаи як рӯҳонии чиноӣ раҳ мепаймояд, ки 1400 сол пеш баъди зиёрати Ҳинд ба Бомиён рафт то ин пайкараҳои бузургро бо чашми худ бубинад ва дар сафарномааш онҳоро тасвир намояд. Дар филм аз тахриби пайкараҳо сокинони Бомиён ёд меоваранд, ки мусалмонанд ва аммо тахмин мезананд, аҷдодони онҳо бутпараст будаанд. Яке аз онҳо фазои баъд аз тахриби пайкараҳои Буддоро ин гуна тасвир кардааст:

...Ва бо як ҳолати хушҳолӣ, эҳсоси ин мекарданд, ки инро (пайкараҳоро) бехӣ аз байн бурдем, фикр мекарданд, ки ин осор ба куллӣ аз байн рафта ва дигар ҷӯр ба куллӣ намешавад, эҳсосаш ҳамин буд, ки аз ҷӯр кардани ин халос шуданд ба куллӣ. Ва эҳсоси хушҳолӣ мекарданд, диск мезаданд, гирдаш мечархиданд...

Ӯ мегӯяд, Толибон барои тахриби пайкараҳо аз тупхона истифода карданд ва аммо муваффақ нашуданд. Сипас онҳо талош карданд, муҷассамаҳои бузургро тарконанд. Ин кушиш низ ноком анҷом шуд ва оқибат тасмим гирифтанд мутахассисони маводи тарканда аз Покистон ва Арабистони саудиро даъват кунанд. Ва аммо Кристиан Фрей мегӯяд, ягон далели он ки ҳукуматҳои ин ду кишвар дар тахриби пайкараҳои Буддо даст доранд, мавҷуд нест.
Таҳиягар дар филм бештар сари мавзӯъи таҳаммул ба дигар адён тамаркуз кардааст. Аз нигоҳи Фрей, Ғарб аз тахриби пайкараҳо сахт нороҳат шуд ва вокунишаш ин гуна буд, ки ҳама мусалмонҳо чун Толибон дар баробари дигар фарҳангу адён таҳаммулнопазиранд. Таҳиягар мегӯяд, Ислом чеҳраҳои зиёд дорад ва кофист ба чеҳраи мардуми Бомиён бингарӣ, то бубинӣ, ки онҳо ба дигар тамаддуну дин чӣ гуна арҷ мегузоранд. Ҳарчанд сокинони зиёди Афғонистон то ҳанӯз мутмаинанд, ки Ғарб дар баробари Толибон аз таҳаммул кор нагирифт ва дар навбати худ Толибон пайкараҳои Буддоро таҳаммул накарданд, мегӯяд таҳиягари швейсарӣ.
XS
SM
MD
LG