Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар "Барқи тоҷик" раҳбари нав таъин шуд


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Шарифхон Самиев, ки қаблан раёсати ноҳияи Фирдавсии пойтахтро бар дӯш дошт, раиси ширкати «Барқи тоҷик» таъин шуд. Ин таъинот дар рӯзи дуввуми ихроҷи ширкати "Барқи тоҷик" аз ҳайати сохтори Вазорати энержӣ ба амал омад. «Барқи тоҷик», бузургтарин ширкати энержӣ дар Тоҷикистон ахиран бо фармони раиси ҷумҳури ин кишвар ва тибқи як нақшаи ислоҳоти сохторӣ аз ҳ айати Вазорати энержӣ хориҷ ва мустақил шуд. Бино бар гуфтаи Рашид Гулов, раиси идораи энержии Вазорати энержӣ, мувофиқи нақша, ба чаҳор корхона ҷудо шудани ширкати "Барқи тоҷик" дар назар аст. Бо ин амал бояд инҳисори риштаи энержӣ дар дасти як ширкат шикаста шуда, рақобати солим миёни онҳо ба роҳ афтад.
XS
SM
MD
LG