Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидору гуфтушунидҳои раиси даврии САҲА дар Тоҷикистон


Карел Де Гют Раиси даврии Созмони амнияту ҳамкории аврупо ва вазири корҳои хориҷии Белгия баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт нозирони ин созмон дар интихоботи моҳи ноябрии раёсат ҷумҳури ин кишвар ширкат меварзанд.
Ҷаноби Де Гют гуфт ин масъала зимни мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст:
«Моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад.Мо пешниҳод намудем,ки ҳайати нозирони САҲА дар интихобот ширкат ва раванди баргузории онро назорат намоянд.Раис ҷумҳури Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфт ва гуфт ҳеҷ гуна мушкил дар ин самт пеш нахоҳад омад.Нозирони мо ҳамроҳ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон меъёрҳои интихоботро муайян менамоянд.Фикр мекунам интихоботи дар пеш истода гоми муҳиме дар роҳи эъмори як ҷомеаи мардумсолор дар Тоҷикистон мегардад.Президент ваъда дод,ки интихобот озод баргузор мегардад.
Мо ҳам ба навбаи худ умед мебандем,ки интихоботи дар пеш истодаи президентӣ дар Тоҷикистон ба таври одилона ва шаффоф баргузор мегардад» Раиси даврии Созмони амнияту ҳамкории урупо ҳамчунин афзуд:
"Дар баробари ин мо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров масъалаи қабули Қонуни нави Тоҷикистон дар бораи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматиро баррасӣ намудем.Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат иброз дошт,ки ҳаддиақал то интихоботи дар пеш истодаи президентӣ ҳеҷ гуна санади нав дар ин замина ба тасвиб намерасад". Ҳамчунин мо ба масоили марбут ба озодии сухан ва матбуъот,аз ҷумла ба мавзуъи қатъи барномаҳои родиюи Би Би Си рӯи амвоҷи FM дар Тоҷикистон дахл намудем.Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт масъалаи пешомада танҳо як мушкили фаннист ва он дар ояндаи наздик рафъ мегардад»
Карел Де Гют бо ишора ба шурӯъи фаъолияти худ ҳамчун Раиси даврии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо гуфт дар ин давра тамаркузи аслии барномаҳои созмон дар Тоҷикистон руи се самт, бахши сиёси, иқтисодӣ ва башарӣ қарор хоҳад гирифт.Ҷаноби Де Гют илова намуд, ки ҷониби Тоҷикистон хостори тавсеаи барномаҳои САҲА дар бахшҳои иқтисодӣ шудааст.Раиси даврии САҲА ишора намуд,ки ин пешниҳод мавриди омузиш қарор мегирад ва бо дарназардошти имконоти феълии молӣ дар ин самт барномаҳое рӯи даст гирифта мешавад.
Ҷаноби Де Гют ҳамчунин таъкид намуд пешниҳоди дигари Тоҷикистон барои роҳандозии барномаҳо дар заминаи таҳкими марзҳо низ мадди назар қарор дорад.
Раиси даврии САҲА ҳамчунин гуфт ин созмон дар доираи барномаи низомии худ ба иҷрои тарҳҳои безарарсозии мин дар Тоҷикистон идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG