Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастоварди нави каратечии тоҷик


Муҳаммад Бодаков, варзишгари маъруфи тоҷик барандаи медали нуқраи мусобиқоти байналмилалӣ оид ба каратэ-до дар шаҳри Маскав гардид.
Вай дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи кумитэ миёни собиқадорони 35-40-сола пас аз Александр Маринов аз Русия мақоми дуввумро касб кард.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни наврасон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии дастаи аввали пойтахти Тоҷикистон хотима ёфт. Тими вилояти Хатлон мақоми дуввум ва дастаи дуввуми шаҳри Душанбе мақоми севвумро ишғол карданд.
Ва ду хабар барои мухлисони футбол. Рӯзи панҷшанбеи 30 март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон оғоз шуд. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон ин мусобиқа бо ширкати 16 дастаи лигаҳои олӣ ва якум дар чаҳор гурӯҳ дар варзишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Турсунзода ва навоҳии Ҳисору Шаҳринав то рӯзи 10 апрел идома хоҳад кард.
Мирзо Муҳаммадҷонов, ҳамчунин хабар дод, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Фестивал ё ҳамоиши байналмилалии футбол дар шаҳри Теҳрон се дидор анҷом дод. Бозии футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Эрон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Дастаи Тоҷикистон дар бозии дигар тими Туркманистонро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод, вале аз тими Қирғизистон бо натиҷаи 0 бар 2 мағлуб гашт.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG