Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Тоҷикистон хоҳони интихоботи одилонаи президентист


Раиси даврии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Белгия, Карел де Гют дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов омодагиҳо ба интихоботи президентиро баррасӣ кард.
Вай дар мулоқот бо хабарнигорон пас аз ин мулоқот гуфт, САҲА ба интихоботи президентии моҳи ноябри Тоҷикистон нозирони худро хоҳад фиристод ва ҳамчунин бо мақомоти Тоҷикистон меъёрҳои ин интихоботро муайян хоҳад кард. Де Гют гуфт, раҳбарияти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки интихобот ба таври озоду одилона ва шаффоф ҷараён хоҳад гирифт. Раиси САҲА ин интихоботро як марҳилаи муҳими ҳаракати Тоҷикистон дар самти мардумсолорӣ номид. Вай инчунин гуфт бо Раҳмонов чандин масъалаи марбут ба озодии сухан ва матбуот, фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва идомаи ислоҳот дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти САҲА пазируфта шуда, ӯҳдадор гаштааст, ки меъёрҳои онро дар сиёсати худ риоя хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG