Пайвандҳои дастрасӣ

Чехҳо дар Тоҷикистон корхонаи нави сементбарорӣ месозанд.


Ширкати чехии «Инекон-групп» эълом доштааст қасд дорад корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанберо бозсозӣ намояд.Йосеф Гушек раиси ширкати мазкур ин матлабро дар пайи мулоқоти ҳайати сармоягузорони чех бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистонт дар шаҳри Душанбе иброз дошт. Ба гуфтаи раиси ширкати чехии «Инекон-групп» таҷдид ва бозсозии корхонаи сементи шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои тарҳҳои Консорсиуми ширкатҳои чехӣ доир ба саноеъ ва енержӣ сурат мегирад. Бино ба иттилоъи Вазорати енержии Тоҷикистон консорсиуми мазкур ду сол қабл дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои марбутаи ин кишвар таъсис шудааст.Вазорати енержии Тоҷикистон мегӯяд бо кӯмаки коршиносони чехӣ дар ҳоли ҳозир бозсозии корхонаи сементи шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст.Ҳамин манбаъ меафзояд дар назар аст бо сармояи ширкати чехии» Инекон- групп» дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон,200 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҳам як корхонаи ҷадиди тавлиди семент бунёд гардад. Ба иттилоъи мақомоти ширкати»Инекон-групп» дар навбати аввал ин корхона метавонад то 500 ҳазор тон хокаи семент тавлид намояд.Дар сурати роҳандозии комили корхона зарфияти тавлидии он ба 2,5 миллион тон хоҳад расид.Бар асоси маълумоти дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон коршиносони чехӣ ҳамчунин эълом доштаанд бо ҳадафи боло бурдани зарфияти тавлиди нерӯи барқ омодаанд Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқумро низ таҷдиду бозсозӣ намоянд.
Гуфта мешавад бозсозии нерӯгоҳи мазкур имкон медиҳад зарфияти тавлиди енержӣ дар он аз 800 ҳазор киловатти феълӣ то 1,6 миллион киловатт соъат нерӯи барқ афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG