Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Бангладеш, барои Ҷоми AFC


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми даъвати AFC - Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи чаҳоршанбе озими Бангладеш шуд.
Футболбозони тоҷик дар нахустин даври мусобиқот дар гурӯҳи «D» рӯзи 2 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и шаҳри Дакка бо тими миллии Макао бозӣ хоҳанд кард. Баъдан, тими Тоҷикистон бо дастаи миллии Покистон (4 апрел) ва мунтахаби Қирғизистон (6 апрел) қувва меозмояд. Шариф Назаров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ба хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, мо ба ин мусобиқот ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки муваффақ шавем. Вай афзуд, ба ҳайати тими миллӣ бист нафар шомиланд, ки онҳо бозигарони дастаҳои лигаи олии кишвар -- «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва се тими шаҳри Душанбе - ЦCKA, СКА «Помир» ва «Хима» мебошанд.
Дар Ҷоми даъвати AFC, ки барои нахустин бор доир мешавад, 16 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои «зуҳурёфта» ва «дар ҳоли рушд» дар чаҳор гурӯҳ бо ҳам сабқат мекунанд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Дакка ва Читтагонг мегузаранд. Ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ барои ширкат дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан чаҳор дастаи ғолиб дар бозиҳои нимфиналӣ, ки рӯзҳои 12 ва 13 апрел доир мешавад, ширкат меварзанд. Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми даъвати AFC рӯзи 16 апрел дар шаҳри Дакка баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG