Пайвандҳои дастрасӣ

Фақр кӯдаконро ба хиёбонҳо меронад, ба сӯи кори сиёҳу сангин


Тибқи ин созишнома, бояд як барномаи вижа таҳия гардад, ки барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони коргар, атфоли хиёбонӣ ва духтарони бероҳагард ва ба ҳаёти солим баргардонидани онҳо мусоидат бишавад. Ҷовид Ҷӯраев, корманди созмони «Наҷоти кӯдакон»-и Британияи Кабир мегӯяд, ҳар меҳнате, ки кӯдакро аз таҳсил дур мекунад ва ба рушди маънавию равонӣ ва ҷисмониаш зарар мерасонад, нақзи ҳуқуқи ӯ маҳсуб мегардад. Аммо имрӯз дар Тоҷикистон теъдоди атфоле, ки ба корҳои вазнин даст мезананд, кам нест ва ин корҳои сангин ба инкишофи атфоли коргар таъсири манфӣ мерасонад. Ҷовид Ҷӯраев мегӯяд:

«Мо кӯшиш мекунем, ки ин кӯдаконро бо оилаҳои онҳо аз нав пайваст намоем. Агар сабаби асосӣ ин камбизоатӣ ва мушкилоти иқтисодии оилаи онҳо бошад, мумкин барномаҳое доир кунем, ки дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии он оилаҳо мусоидат кунад, яъне ин барнома як заминаест барои рушди дигар барномаҳо.»

Барои татбиқи ин созишнома аз ҷониби вазорати меҳнат ва созмони наҷоти кӯдакон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешавад. Ин ҳайати корӣ фаъолияти худро сараввал аз омӯзиши вазъи ниҳоии кӯдакони кӯча ва коргар шурӯъ мекунад. Ба гуфти Ҷовид Ҷӯраев, ҳарчанд, қаблан дигар созмонҳо баҳри мӯайян намудани сабабҳо ва омори аслии ин мушкил таҳқиқот гузаронида бошанд ҳам, аммо дар мавриди шумори дақиқи чунин кӯдакон ва вазъи онҳо то имрӯз маълумоти дақиқ ва ягона вуҷуд надорад. Ҳамакнун ҳамроҳ бо сохторҳои давлатӣ ин вазъ бояд дар саросари кишвар мавриди омӯзиш қарор гирад. Ва маҳз бо ҳамин асос фаъолияти аслии барнома мӯаяйн хоҳад шуд. Ҷовид Ҷӯраев меафзояд, дар ҳалли ин мушкил пеш аз ҳама андешаҳои худи чунин кӯдакон ба назар гирифта мешавад.

«Аввал мо бо худи ин кӯдакон сӯҳбат мекунем, фикри шахсии ӯро ба назар мегирем, бо оилааш, бо дӯстони ӯ сӯҳбат мекунем. Мақсади асосии мо ин аст, ки барои ӯ як муҳите пайдо созем, ки ба рушду камоли вай таъсири мусбӣ расонад. Албатта одатан ин оила аст, аммо агар чунин муҳит дар оила мавҷуд набошад пас кӯшиш мекунем як муҳити алтернативии дигар барои он кӯдак пайдо намоем.»

Тибқи гузориши Бунёди атфоли СММ, тӯли солҳои 1999 то 2005 дар бозори кори Тоҷикистон 18 дар сади кӯдакони синни 5 то 14 сола ба мехнат ҷалб шудаанд. Назар ба тавзеҳи ЮНИСЕФ, зимни таҳқиқот ин нуқта ба эьтибор гирифта шудааст, ки тифли наврас ҳафтае то 14 соат бо фаьолияти иқтисодӣ ва то 42 соат бо кори хона машғул будааст. Ва бар тибқи иттилои ҳамин манбаъ хушунат нисбат ба кӯдакон имрӯз мушкилест аввалиндараҷа ва бояд роҳи ҳалли онро дарёфт.

Аммо бо вуҷуди ҳама ин талошҳо, ки барои дур кардани кӯдакон аз бозори меҳнат карда мешавад, аксари ин наврасон худ намехоҳанд, ки аз ин шуғл ва ё луқмаи нони худ маҳрум гарданд. Саид ҳам, ки 14 сол дорад ва дар пешбурди зиндагӣ ба модараш кӯмак мерасонад, мегӯяд, ӯ розӣ ҳаст, ки ба ҳамаи корҳои душвор тоқат кунад, то хоҳару додаронаш гурусна намонанд.

«Кори моро манъ накунанд. Кӣ мехӯронад, мепӯшонад моро баъд, агар кор накунем? Ман салафан мефурӯшам ҳар рӯз то 10 сомонӣ кор мекунам, барои хоҳару додарҳоям нон ё дигар чизҳои хӯрданӣ харида мебарам.»
XS
SM
MD
LG