Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каримов аз Сеул чи мехоҳад?


Ин чаҳорумин боздиди Ислом Каримов - раисиҷумҳурии Узбакистон аз Куреи Ҷанубист. Бисёре аз нозирон мегӯянд, ки ин боздид талоши навмедонаи Каримов аст, ки мехоҳад, сармояи бештари хориҷиро ба кишвараш ҷалб кунад ва дар муқобили таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҳимояти сиёсӣ дар Сеул бархурдор шавад. Баъд аз рӯйдодҳои Андиҷон Ислом Каримов танҳо аз Чину Қазоқистон ва Русия боздид кардааст ва акнун аз Куреи Ҷанубӣ. Алишер Таксанов - иқтисоддони мустақилли узбак дар ин бора чунин назар дорад:

"Чунин ба назар мерсад, ки Ислом Каримов барои бархурдор шудан аз ҳимояти сиёсӣ ба он ҷо меравад. Уро дар кишварҳои урупоӣ ё Омрикои Шимолӣ қабул намекунанд. Базе аз кишварҳое, ки ҳануз ҳам ӯро қабул мекунанд, кишварҳои Осиёи ҷануби-шарқӣ мебошанд. Сабаб ин аст, ки ин кишварҳо ҳеҷ гоҳ дар бораи риъояти мавозини демукротики ҳуқуқи башар дархостҳои вижа ба миён наниҳодаанд. Куреи Ҷанубӣ, Чин ва Жопун бидуни дарназардошти муқаррароти демукросӣ ва сарфи назар аз ҳар гуна эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар Узбакистон то имрӯз ба ин кишвар кумакҳои иқтисодӣ кардаанд".

16 марти соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки аз додани қарз ба Узбакистон худдорӣ мекунад. Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа низ соли 2004 ба сабаби афзоиши нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон аз додани пул ба ин кишвар худдорӣ кард. Моҳи маи соли гузашта кишварҳои ғарбӣ амалкарди нируҳои амниятии Узбакистонро дар Андиҷон маҳкум карданд. Ин нирӯҳо садҳо нафар шаҳрвандонро, ки алайҳи бенавоиву бекорӣ даст ба тазоҳурот зада буданд, ба хун кашиданд. Баъд аз он ки Тошканд ба дархости Вошингтуну Бруксел дар мавриди анҷоми расидагии мустақил ба руйдодҳои Андиҷон сар печид, Иттиҳодияи Урупо бар зидди Узбакистон таҳрим ҷорӣ кард. Тошканд ҳамчунин бо дархости Чину Русия нирӯҳои Омрикоро аз қаламрави худ ихроҷ кард. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё раҳбари Узбакистон аз ҳимояти сиёсиву молии Куреи Ҷанубӣ бархурдор хоҳад шуд? Як корманди бонк дар Тошканд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар суҳбат бо родю Озодӣ гуфт, баъид ба назар мерасад, ки Каримов дубора сармоягузорони Куреи Ҷанубиро ба Узбакистон ҷалб кунад:

"Раҳбари Узбакистон бо умеди зиёд ба Сеул рафтааст, то сармоягузоронро ба ин ҷо ҷалб кунад. Агар мо воқеъбинона ба он нигоҳ кунем, ин кор хеле душвор аст. Вале агар давлати Узбакистон ба онҳо кумак кунад, сармоягузорони куреӣ мумкин аст биёёянд".

Баъд аз истиқлоли Узбакистон дар соли 1992 Куреи Ҷанубӣ ба яке аз кишварҳои бузурги сармоягузор дар Узбакистон табдил ёфт. Ширкатҳои муштарак ташкил шуданд. Ширкати муштараки Дэу аз нахустин тавлидкунандагони мошин дар Осиёи Марказӣ буд. Ширкати дигар Дэу Юнител ба зудӣ дар системи телефунӣ ва мухобиротии Узбакистон барои худ роҳ боз кард. Ширкати Кэбл Текстайлз дар садри ширкатҳои ресандагӣ ё тавлиди нах қарор гирифт. Ҳамаи ин се ширкат то ҳол фаъъоланд. Вале ҳеҷ як аз онҳо ба Куре вобастагӣ надоранд. Ширкати тавлиди мошинҳои Дэу ва ширкати Кэбул Текстайлзро Узбакистон харидорӣ кард. Дэу Юнител ба ширкати муштараки Русияву Узбакистон табдил ёфт. Ширкати Дэу соли 1998 дар ҷануби шарқи Осиё бо буҳрони ҷиддии молӣ дучор шуд ва маҷбур буд дороии худро дар Узбакистон ба фурӯш гузорад. Сарнавишти Кэбул Текстайлз то ҳол рушан нест. Мақомоти Узбакистон онро моли худ эълон кардаанд, зеро ин ширкат қарзҳои зиёд дорад.

Ҳафтаи гузашта Ким Ман Су - сухангӯи раисиҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ гуфт, ҳоло кишвараш мехоҳад дар бахшҳои нафту гоз тилло, урониюм ва соири маъодин сармоягузорӣ кунад. Соли 2005 мизони тиҷорат миёни ҳар ду кишвар 520 милюн дуллорро ташкил дод. Иқтисоддони узбак Токсанов мегӯяд, мумкин аст Куреи Ҷанубӣ равобити худро бо Узбакистон ҳифз кунад ва ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳояш ин аст, ки дар Узбакистон ҳоло 230 ҳазор куреӣ ба сар мебаранд. Онҳо дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум тавассути Иосиф Сталин аз Ховари Дур иҷборан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯч дода шуданд. Гузашта аз ин, ҳоло 15 ҳазор муҳоҷири кории Узбакистон ба таври қарордодӣ дар Куреи Ҷанубӣ кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG