Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони фаластинӣ ба Ҳамос эъломи эътимод кард


Рӯзи сешанбе (28 март) кобинаи муташаккил аз аъзои Ҳамос раъйи эътимоди порлумони фаластиниро ба даст овардааст. Ин марҳилаи ниҳоии касби машруъияти ин гурӯҳи пайкорҷӯи исломӣ барои оғози кор ба унвони давлати ҷадиди фаластинист. Аъзои порлумони фаластинӣ дар ҳоле раъйдиҳӣ мекарданд, ки дар Исроил интихоботи саросарӣ ҷараён дошт. Натиҷаи раъйгирии порлумон ба дур аз интизор набуд, зеро пас аз пирӯзии шигифтиовари ҷунбиши Ҳамос дар интихоботи саросарии моҳи январ аксарияти курсиҳои порлумони фаластиниро аъзои ҳамин ҷунбиш ба даст оварданд. Исмоъил Ҳания - номзади ҷунбиши Ҳамос ба нахуствазирии давлати худгардони фаластинӣ гуфтааст, ки маросими савганди кобинаи ҷадид рӯзи чаҳоршанбе (29 март) сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG