Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наврӯзи Аҷам дар донишгоҳи амрикоӣ


ИМА махсус барои "Ояндасоз" аз шаҳри Блумингтон шунавандаи Радиои Озодӣ Фарзона Зеҳнӣ Дар рӯзҳое, ки Тоҷикистон Наврӯзро таҷлил мекард, Донишгоҳи Индианаи Амрико низ иди баҳорро бо риояи ҳама расмҳои тоҷикӣ ҷашн гирифт.

Донишгоҳи Индиана дар шаҳри Блумингтони иёлати Индиана ҷойгир аст. Дар ин донишгоҳ факултаи омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Урал мавҷуд аст, ки ба он ҳамчунин Маркази пажуҳиши забонҳои Осиёи Марказӣ шомил мебошад. Ҳар сол тавассути барномаҳои гуногуни таълимӣ олимон ва пажӯҳишгарони ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз барои пеш бурдани тадқиқоти илмӣ ба ин факулта меоянд.

Ва ҳар сол бо ибтикори ин факулта ҷашни Наврӯзи Аҷам таҷлил мешавад. Барномаи наврузӣ дар Донишгоҳи Индиана рангоранг ва ҷолиб мегузарад ва имсол низ истисно набуд. Чун аксари созмондиҳандагони ҷашни наврӯзӣ пажӯҳишгарону донишҷӯёнанд, баргузории он ба аввалин рӯзи истироҳати баъд аз Наврӯз таъйин гардид. Ҷашни Наврӯз чун солиёни пеш аз сӯи донишгоҳ сармоягузорӣ шуд.

Аввал, дар ошхонаи донишгоҳ намояндагони ҳар кишвар таоми анъанавии миллии худ ва хӯришҳои наврӯзиро таҳия намуданд ва он ба як маъракаи ҷолиб табдил ёфт. Дар ошхона эрониву озарӣ, қазоқу қирғиз, тоҷику ӯзбак машғули пухтапаз буданд. Аз ҷумла, тоҷикон барои дастархони наврӯзӣ палавро таҳия намуданд.
Баъдан дар толори консертӣ ҳар кишвар намоишгоҳи пироҳанҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва китобу маҷаллаҳоро созмон доданд.

Бахши Тоҷикистонро сӯзании қадима, сарулибоси арӯсу домод, тоқиҳои хуҷандиву кӯлобиву помирӣ, дастархон, зарфҳои миллӣ ва ҳатто фаранҷии дастидӯхти қадима оро медод.

Ба ҷашни Наврӯзи имсола донишҷӯёну устодони донишгоҳ ва сокинони шаҳри Блумингтон низ даъват шуда буданд. Ва онҳо метавонистанд аз намояндагони кишварҳо, ки намоишгоҳро муаррафӣ мекарданд, иттилоъи дилхоҳи худро пайдо кунанд. .

Баъдан барномаи тафреҳии олимони донишҷӯён баргузор шуд ва савту тарона, рақсу бозиҳои мардумӣ зери мавҷи кафкӯбиву нидоҳои таҳсиномези меҳмонон иҷро шуданд.

Меҳмонон таомҳои миллиро, ки зеби дастархони наврӯзии мардумони Шарқ шуда буд, низ хуш пазируфтанд. Дар рӯи мизҳо барои ошноӣ тарзи таҳияи таом ва маводи истифодашуда ҳам ба маъраз гузошта шуда буд. Ширкаткунандагони ҷашн аз палави тоҷикӣ, буғкабоби ӯзбакӣ, лағмони ӯйғурӣ, шириниҳои эронӣ, Наврӯзкӯзаи қазоқӣ, таомҳои миллии озариву нонҳои қирғизӣ таърифу таҳсин карданд.

Тоҷикистонро дар ҷашни наврӯзӣ устоди донишгоҳи Индиана, пажӯҳишгари забони тоҷикӣ Насрулло Хоҷаёров, устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд Очилбой Зоҳидов ва чанд донишҷӯи тоҷик муаррафӣ карданд. Насрулло Хоҷаёров масъули тарҳрезии барномаи тоҷикон буд ва Очилбой Зоҳидов намоиш дод, ки дар таҳияи палави тоҷикӣ ҳамто надорад. Фарзона Зеҳнӣ, ҳамсари Насрулло Хоҷаёров масъули муаррифии намоишгоҳи Тоҷикистон буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG