Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии дархости таҷдиди назари Л. Латифова ба баъд мавкул шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии дархости таҷдиди назари ҳукми Лира Латифова - рӯзноманигори ҳафтаномаи «Крим-инфо»-ро бори дигар барои муддате номаьлум ба таьвиқ гузоштааст. Рӯзноманигор Лира Латифава ба хотири чопи як мақолаи интиқодомез аз сӯи Сурайё Уроқова - як корманди дафтари асноди расмӣ (нотариус)-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба таҳқири шаъну эътибор муттаҳам ва ба додгоҳ ҷалб шуда буд. Дар натиҷа додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Лира Латифоваро ба пардохти 3000 сомонӣ ҷарима муваззаф кард. Аммо Лира Латифова ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро мунсифона намедонад ва дархости таҷдиди назар кардааст. Қимат Ризоева - вакили мудофеъи Лира Латифова дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ гуфт, ки ба далели набуди асноди зарурӣ ҳайъати мушовираи додгоҳ тасмим гирифтааст парвандаи Лира Латифоваро дубора бозрасӣ кунад.
Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG