Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти бегонаситезон дар Русия


Додгоҳе дар шаҳри Новосибирски Русия имрӯз панҷ нафарро ба ҷурми ҳамла ба атбоъи Тоҷикистон ва Узбакистон ба 6 то 10 сол зиндон маҳкум кард. Се узви дигари ин гурӯҳ, ки ба ҳангоми иртикоби ҷиноёт ноболиғ будаанд, ба ҳабсҳои таълиқӣ (шартӣ) маҳкум шуданд. Виталий Мусаткин - додситони шаҳри Новосибирск гуфт, далеле кашф нашудааст, ки ҳокӣ аз ангезаи нажодпарастонаи ин ҳамалот бошад. Раҳбари ин гурӯҳ бемори равонӣ унвон шуда ва ҷудогона муҳокима хоҳад шуд. Ҳамаи нуҳ узви ин гурӯҳ соли 2002 пас аз ҳамла ба як шаҳраванди Тоҷикистон ва ворид овардани 18 зарбаи корд ба бадани ӯ боздошт шуданд. Қурбонии он ҳамла зинда монд. Ин гурӯҳ ба анҷоми чаҳор ҳамла алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон муттаҳам шуда буд. Ҳамаи муттаҳамон дар тӯли ҷаласоти додгоҳ, ки дую ним сол ба дарозо кашид, худро бегуноҳ донистанд.
XS
SM
MD
LG