Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гумрук" барандаи "Вечерка" шуд


Дастаи футболи «Гумрук»-и Душанбе барандаи Ҷоми ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» шуд. Ин даста дар бозии ниҳоии мусобиқаи суннатӣ дар варзишгоҳи Донишкадаи варзиши пойтахти Тоҷикистон тими «Энергосбит»-и Душанберо шикаст дод. Вақти асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт ва тақдири бозиро силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра ба нафъи «Гумрук» ҳал кард.

Боз як хабар барои мухлисони футбол. Давраи аввали мусобиқаи дастаҳои футболи шаҳру навоҳии тобеъи марказ ба поён расид.Тими «Ҳисор»-и ноҳияи Ҳисор дар ҷадвали раддабандии рақобатҳо бо 13 имтиёз садрнишин аст. Дастаи «Ориён»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 12 имтиёз дар ҷойгоҳи дуввум ва дастаи «Динамо» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода бо 10 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум қарор гирифтаанд. Давраи дуввуми мусобиқот рӯзи 7 апрел оғоз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG