Пайвандҳои дастрасӣ

Афғони масеҳӣ озод шуд


Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, Абдурраҳмон - марди афғоне, ки ба ҷурми гаравидан ба кеши масеҳият эҳтимол дошт эъдом шавад, имрӯз аз зиндон раҳо шуда ва акнун дар маҳалле махфӣ ба сар мебарад.

Сарвар Дониш - вазири додгустарии Афғонистон гуфт, ки Абдурраҳмон аз зиндоне дар ҳаволии шаҳри Кобул тайи соъоти шаб озод шуд. Оқои Дониш афзуд, ки Абдурраҳмон аз иттиҳоми иртидод ё баргаштагӣ аз дин табраа (сафед) шудааст, вале вай заминаи ҳуқуқии ин ҳукмро тавзеҳ надод. Пештар вазири додгустарии Афғонистон гуфта буд, ки Абдурраҳмон аз саломати равонии муносибе бархурдор нест, ки муҳокима шавад.

Мақомоти додрасӣ ва масъулони зиндон бо мулоҳизоти амниятӣ маҳалли иқомати феълии Абдурраҳмонро ифшо накарданд. Бими он вуҷуд дорад, ки муътаризони хашмгине, ки хостори эъдоми Абдурраҳмон шуда буданд, ба ӯ ҳамла кунанд.

Адриан Эдвардз - як сухангӯи СММ дар Афғонистон гуфт, ки умедвор аст ба Абдурраҳмон ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар эъто шавад. Давлати Омрико низ гуфтааст, ки ба талошҳо барои пайдо кардани маҳалли амне барои иқомати Абдурраҳмон мусоъидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG