Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳфили бузургдошти Абӯалии Сино дар Кобул


Пажӯҳишгарони осори Абӯалии Сино дар Афғонистон аз ҳукумати кишвар хостори баргузории конфронси байналмилалии синошиносӣ бо ширкати донишмандон аз Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон дар Кобул шуданд.
Абдулло Бахтонӣ, сармуҳаққиқ ва соҳибунвони калони Фарҳангистони улуми Афғонистон ҳини сӯҳбат дар конфронси таҷлили 1026 - умин солгарди Абӯали ибни Сино, ки аз сӯйи ин маркази илмии кишвар баргузор шуд, гуфт, осори Пири ҳакимони Машриқзамин бо он вуҷуд ки садҳо сол ба ин сӯ аз сӯйи муҳаққиқони ҷаҳон омӯхта шуда, дар хидмати башар будааст, инак бояд ба кишварҳои минтақа низ хидматеро кунад, ки ба олами Ғарб кардааст. Вай афзуд, осори Сино "на танҳо дар тиб, балки дар улуми гуногун, ҳатто илоҳиёт, забоншиносӣ, шеър, ҳикмат ва ғайра" ба муосирон мадад хоҳад кард.
Абдулҳай Мӯъминӣ, мудири бахши тиби дар Фарҳангистони улуми Афғонистон мегӯяд, осори тиббии Абӯали ибни Сино барои пешбурди саноати дорусозӣ дар кишвар метавонад хизмат кунад.
Донишмандоне, ки дар конфронси таҷлили солгарди Абуалии Сино ширкат доштанд, Синоро ба далели он ки падараш аз Балх будааст, Балхӣ низ ном бурданд.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG