Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Укроин: тафовути интихобот аз инқилоб


Нозирони интихоботии Созмони амният ва ҳамкории Урупо ин натоиҷро пазируфтаанд ва интихоботи рӯзи якшанбе дар Укроинро демукротик, озод ва мунсифона унвон кардаанд. Аммо чирагии ҳизби Виктор Янукович - нахуствазири пешини Укроин, ки як ташаккули рӯ ба Маскав аст, зоҳиран бархе аз сиёсатмадорони ғарбиро то андозае нигарон кардааст. Пйер Лилуш - раиси маҷмаъи порлумонии Паймони Отлонтики Шимолӣ (NATO) мегӯяд, ки Урупо ҳамчунон бояд равобити худ бо Укроинро таҳким кунад ва иҷоза надиҳад, ки ин кишвар дубора ба домани Русия биуфтад. Вай дар шаҳри Киев гуфт: "Лаёқати Укроин бештар аз он аст, ки дар дами дари Русия раҳо шавад".

Аз сӯи дигар, Бенита Ферреро-Валднер - кумисери равобити хориҷии Иттиҳодияи Урупо изҳори умедворӣ кард, ки давлати Укроин ҳамчунон дар ростои ислоҳот гом бар хоҳад дошт ва ба Иттиҳодияи Урупо наздиктар хоҳад шуд:

"Мо мехоҳем бо давлати ояндаи Укроин низ дар заминаи ислоҳот ҳамкорӣ кунем. Албатта, мо ҳанӯз давлати ояндаро надидаем ва ҳоло зуд аст дар ин бора суҳбат кард. Вале мо умедворем, ки давлати ояндаи Укроин низ моил ба наздикии бештар бо Иттиҳодияи Урупо хоҳад буд".

Ва ташкили давлати оянда ҳамакнун мавзӯъи доғи гуфтугӯҳои сиёсӣ дар Укроин аст. Виктор Юшченко - раисиҷумҳурии Укроин, ки бегумон аз натоиҷи интихобот дили хуше надорад, дар ин бора ҳанӯз расман изҳори назаре накардааст. Аммо Юлия Тимошенко ташкили як давлати эътилофиро муҳтамал медонад:

"Ман метавонам бигӯям, ки то кунун ҳизби мо, Ҳизби Сусиёлист ва ҳизби "Укроини мо" бар сари матни паймони ташкили як давлати эътилофӣ ба тавофуқи комил расидаанд".

Коршиносон муътақиданд, ки ҷудоии Юлия Тимошенко аз тими Виктор Юшченко ва мушкилоти фаровони оғози ҳукумати оқои Юшченко, аз ҷумла фасоди молии густарда дар суфуфи давлат ва эъмоли фишори иқтисодии Русия бар ёри пешини худ боъис шуд, ки ҳизби раисиҷумҳуре, ки беш аз як сол пеш савор бар мавҷи "Инқилоби норинҷӣ" сари қудрат омад, дар интихоботи рӯзи якшанбе орои камтаре ба даст оварад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG