Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири қонуни нави Қазоқистон ба вазъи муҳоҷирон


Алмато Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон интизори он рӯзанд, ки сарони Тоҷикистону Қазоқистон созишномаи танзими ҳузур ва кори онҳоро дар кишвари ҳамсоя ба имзо расонанд ва онҳо аз зӯроварии полису дигар мақомоти давлатӣ раҳоӣ ёбанд.

Бо тағйири қонунҳои Қазоқистон, ки бархе аз маҳдудиятҳоро барои кору иқомати муҳоҷирон бараҳам дод, тоҷикон дар ин кишвар бо душвориҳои наве рӯбарӯ шуданд. Чунончи, иҷозаи яксолаи кору иқомат аз байн рафт ва сабти номи семоҳа, ба онон иҷозаи кор намедиҳад. Аз ин рӯ, таи 2 моҳ дар натиҷаи амалиёти вижаи кормандони пулис наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон ронда шуд.

Жибек Ачибоева, раиси иттиходияи синфии тоҷирон ва соҳибкорҳои Қазоқистон мегӯяд, ки яке аз иллатҳои ба чунин мушкил дучор гардидани муҳоҷирони тоҷик он аст, ки онҳо дар бозорҳо бидуни қарордод фаъолият мекунанд. Умуман фаъолияти қариб 40 дарсади кули тоҷирон дар Қазоқистон ғайриқонунист, ки дар байни онҳо бозаргонони тоҷик низ кам нестанд.

Марияш Кабикенова, ҳуқуқшиноси Иттиҳодияи бозорҳо ва хадамоти Қазоқистон, иллати дигари дар пулис сабти ном нашудани муҳоҷирони тоҷикро ба надоштани раводиди кор пайванд медиҳад. Вале ба андешаи хонум Кабикенова, ин масъала ба зудӣ бояд ҳал шавад: "Алъон ҳукумат ба ҳалли ин масъала талош дорад ва барои тоҷирон саҳмия муайян нахоҳанд кард .Аз ин лиҳоз дар оянда имкон дорад бозаргонҳои муҳоҷир дар чаҳорчӯби қонунҳои умумии Қазоқистон кор кунанд."
Бозаргонҳои тоҷик, ки дар як худи шахри Алмаато шумораашон ба 4-5 ҳазор нафар мерасад, низ мехоҳанд, озодона фаъолият намоянд ва ҳуқуқашон ҳимоя шуда, монеаҳо бартараф гарданд. Онҳо ин нобаробариро ҷавобгӯи иқтисодиёти озод намешуморанд.

Ин мушкилот имкон дорад ҳангоми сафари расмии Эмомали Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон осон гардад. Зеро дар ин сафар , ба иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон сарони ду кишвар дар як саф бо дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавзӯъи муҳоҷирати кориро низ баррасӣ хоханд кард. Дар ин робита аввали моҳи март Зокир Вазиров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Остона бо ҳамтои қазоқистонияш Гулҷон Карогусова мулоқот дошт. Ду тараф гуфтанд, бояд аҳдномаи байниҳукуматии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ҳарчи зудтар таҳия шуда, ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG