Пайвандҳои дастрасӣ

Эътироз ба қатъи таҳқиқи парвандаи афғони масеҳишуда


Чандсад нафар аз сокинони Мазори Шариф алайҳи қатъи таҳқиқи парвандаи марди афғон, ки ба дини масеҳӣ гаравидааст, намоиши эътирозӣ бапо карданд. Абдураҳмон, ки 16 сол пеш, ҳангоми зиндагӣ дар хориҷ аз кишвар насронӣ шудааст, бо тақозои аҳли хонаводааш, мавриди боздошт ва таҳқиқи ҷиноӣ қарор гирифт. Гуфта мешуд, ба вай ҳукми қатл таҳдид мекунад. Аммо парванда бо дастури муоинаи тиббии вазъи равонии айбдоршаванда ба додситонии кул бозгардонида шуд. Ин парванда таваҷҷӯҳи байнулмилалиро ба худ ҷалб кард. Попи Рум Бенедикт рӯзи якшанбе хостори озодии Абдураҳмон шуд ва барои ҳамаи насрониҳое, ки дар рӯйи ҷаҳон бо хусумат рӯбарӯянд, дуо кард.
Тибқи қонунҳои Афғонистон агар таҳқиқи тиббӣ Абдураҳмонро ноқисулақл нишон диҳад, парвандаи ҷиноии ӯ лағв хоҳад шуд. Аммо як рӯзномаи чопи Кобул аз ҳукумати Ҳомид Карзай даъват кардааст, марди айбдоршавандаро аз зиндон озод кунад. Ин нашрия гуфтааст, Афғонистон наметавонад, дар ин масъала бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ мухолифат кунад.
XS
SM
MD
LG