Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии дин


Ҳоло муд шуда, ки агар касе тағйири дин кунад, мегӯянд у бо пулу мол масеҳӣ шуда ё буддоӣ ё дини дигареро пазируфтааст. Ва макомҳои Тоҷикистон низ қонуне таҳия кардаанд, ки таблиғ аз роҳи кумаки башардӯстона ва хайрияро манъ мекунад. Вале ин қонун зидди-инсонӣ ва зидди-демократӣ аст. Дин амри шахси аст ва фарқ намекунад, ки касе онро бо пулу мол иваз мекунад ё аз роҳи хондани кутуби дини ё омӯзиш. У ҳаққи интихоби динеро дорад ба ҳар роҳе, ки бошад метавонад динеро бипазирад. Агар фарз кунем, ки як нафар дар ивази кумаки хайрия масеҳӣ шуда, ҳич касе ҳақ надорад бо вазъ кардани қавонине ҷоҳилона ҷилави ӯро бигирад, зеро ин ҳаққи ҳалоли шахс аст, ки чи динеро мепазирад ва бо чи роҳ, ин албатта амре хусуси аст ва мардум дар умури хусусии худ ихтиёр доранд. Ба ин далел қавонинеро, ки пеши демократия ва таблиғи озодонаи динеро мегиранд, бояд маҳкум кард!
Бо самимият,
Аряхшатра
--------------------------------

Бар асоси қарордоди ҳуқуқи башар, ҳар инсоне аз ҳаққи интихоби дин (фарқ намекунад, дини падарӣ, модарӣ ё ғайр) бархӯрдор аст. Ҷиноят ба амале мегӯянд, ки дар қавонин мамнӯъ аст ва хушбахтона интихоби дин дар қавонини Тоҷикистон мамнӯъ нест. Хушбахтонатар аз ин, қонуни исломӣ (шариъа) дар Тоҷикистон эътибор надорад! Афроде, ки мегӯянд ҳар кас бояд бар дини падар ё модари худ бошад, ҷоҳиланд, зеро дин чизе нест, ки мо бо он таваллуд мешавем, дин як сохтаи иҷтимоъӣ ва зоидаи зеҳн аст ва қобили тағйир додан аст. Ин ки ислом ворид шудан бар ин динро озод ва хориҷ шудан (иртидод)-ро мамнӯъ карда ва ҳатто куштанро барои ин амал раво мебинад, мушкили ислом аст ва собит мекунад, ки ин дин бо мафҳуми озодии интихоб ва ҳуқуқи башар ҳеч иртиботе надорад, зеро ҳукми куштан барои иртидод ҳукми даврони ғуломдорӣ ва зоидаи ҷаҳолат аст.

Бо орзуи нек,
Фаромарз
-------------------------------------

Дуруд ба шумо!
Ман низ бар он ақидаам, ки тарки дини худ кардану ба дини дигар гаравидан - на ҷасорат асту на ҷиноят. Албатта, ҷиноят на дар назди қонун, балки, фикр мекунам, дар назди виҷдон аст.
Акбарзод
____________________

Аслан мо як масъаларо, ки ба дини муайян вобаста аст, ба фикру андешаи худ баҳо медиҳем, ки ин тамоман нодуруст аст. Дини мубини ислом роҳи худ ва мардони худро дорад, ки буданд, ҳастанд ва мемонанд. Ин дигаронанд, ки меоянд ба беасосӣ ва мераванд бебозгашт монанди комунистон.
Дар дини ислом даромадан ин ихтиёрӣ ва озод аст, ки дар Қуръони карим ин амр аз аввал ворид шудааст. Аммо ақидае, ки гӯё дин бо шамшер оварда шудааст, ин дурӯғи комунистон ва ҳаммаслакони онҳост. Яке аз собиқ комунистон, ки ин гуна китобҳо аз дасти вай ба чоп супурда мешуд, эътироф кард, "ин дурӯғ буд, ки мо дар китобҳо навишта будем ва таблиғ мекардем".
Агар дин ба зурӣ таҳмил шуда бошад, барои мо фурсат дар даврони ленинӣ буд, ки аз он халос шавем. Барои чӣ ҳамаи мо то ҳол беникоҳ зан намегирем (никоҳи мусалмониро дар назар дорам), беҷаноза падаронро ба гӯр намесупорем, оё моро касе маҷбур мекунад? Не, вале дар дил ҳама медонанду кам-кам инкор мекунанд ва ин чизи нав нест.
Аммо баромадан аз дин, чӣ гуна, ки пеш аз ман ҳам гуфтанд, ин риддат аст, яъне муртад шудан ва ҷазои он нафаре, ки муртад мешавад, куштан аст. Яъне, даромадан ихтиёрӣ, баромадан мумкин нест. Номашро ҷасур не, муртад мегӯянд ва номи дигараш кофир аст. Ва ин барои худ кодекс ва моддаҳое дорад, ки чӣ гуна ба ҷазо кашида мешавад. Касе дар ин бора мехоҳад бисёртар бидонад, ба олимону донишмандони машҳури мо мисли Эшони Нуриддинҷон ва бародаронаш, Эшони Алломаи Ҳисорӣ, Устод Нурӣ ва ғайра муроҷиат кунад.
Вассалому ала маниттабаъал Худо!
Дониш
______________________

Дин як эътиқод аст, як арзиш ва барои пайравӣ он муқаддас аст.
Дар посух ба Косма бояд бигӯям, оё касе метавонад муқаддасоти худ, масалан, падару модар ё ҳар арзиши дигарро ҳар вақт, ки бихоҳад ҳамчун кашф ё либос иваз кунад? Агар соддатар карда бо системаҳои имрӯза қиёс кунем (аз назари зоҳирӣ), оё касеро, ки як рӯз демократ ва як рӯз комунист, як рӯз халқӣ ва як рӯз технократ ва як рӯз худопараст аст, Шумо чӣ гуна инсон медонед? Аслан ҳамчун инсон (инсон ба маънии воқеӣ) қабулаш доред?
Бо сипос, Алӣ
______________________

Фикр мекунам, ҳар касе, ки дини ҷадди хешро тарк мегӯяд ва ба дини дигар мегаравад, ҳам хиёнаткору ҳам ҷинояткор аст. Зеро агар то синни балоғат дар дине буд, ки падару бобои ӯ бо он пайравӣ мекарданд ва акнун аз ин дин рӯ мегардонад, маълум мешавад, ки ӯ ба хотири пулу мол динашро иваз кардааст.Пас ӯро на чун диндор, балки чун шахсе бояд шинохт, ки ба хотири пулу мол тайёр аст ҳама кор бикунад. (Ақидаи шахсии ман, яъне демократия)
Мӯъмин
_________________

Ҷаҳони ишқ на мирӣ, на сарварӣ донад.
Ҳамин бас аст, ки ойини чокарӣ донад.

Агар аз лиҳози хостаҳои ҷомеаи демократӣ ба ин чиз бингарем, тарки дин на ҷиноят аст ва на ҷасорат. Аммо ислом ин чизро маҳкум мекунад ва ин гуна афродро дар дини мубини ислом муртад меноманд. Вале назари Мавлонои Рум ба ин ақида чунин аст:
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як ҷавҳаранд,
Дар ҳақиқат куфру дину кеш нест.

Пас, хулоса кунед, ки тарки дин ҷиноят аст ё ҷасорат.
Иршод Сулаймонӣ
_____________________

Дин як чизи озод аст ва бояд озод бошад. Ҳар кас метавонад динашро иваз кунад ва дини дигарро қабул кунад.
kosma
------------------------------------
Ман аз як чиз ҳайронам. Бархе "рӯшанфикрон"-и мо аз ислом хориҷ шуда ба Зардушт гароидаанд, аммо ба назар мерасад, ки аз ин ойин иттилоъи кофӣ надоранд ва одитарин фармудаҳои ин Паёмбарро намедонанд. Ин қадар бадмастӣ мекунанд, ки нафрати кас меояд. Дар ҳоле ки аввалин дине, ки бодагусориро мамнӯъ кард, дини зардуштӣ буд. Ин гурӯҳ дар воқеъ мехоҳанд аз ҳама қавонин озод бошанд ва дар як беэътиқодии комил басар баранд. Дар танҳоӣ онҳоро ба хотир меораму зиқ мешавам. Бо иродат
Мулломирсиддиқ, аз Ҳиндустон
-----------------------------------
Салом ба тоҷикон. Ба назари ман, мавзӯъи бисёр хуб ва заруриро матраҳ кардаед. Аввалан, мо бояд Худоро шукр гӯем, ки моро мусалмон офаридааст ва бояд то охири умр ин неъматро, ки Парвардигор ба мо насиб кардааст, ба саломат бибарем. Ман мухолифи дини насронӣ ё яҳудӣ нестам, зеро онҳо низ динҳои ҳақ буданд. Вале бо мурури замон онҳо ботил шуданд ва Аллоҳ дини исломро ба ҳабиби худ Муҳаммад нозил кард. Худованд моро ақл додааст, то фикр кунеам ва набояд дини мубини худро аз даст диҳем. Рости гап, ман то ҳол нафаҳмидаам, ки ин ҷавонон аз ислом чи бадӣ дидаанд. Ман бо чанде аз онҳо гап задам, вале ба ин суолам ҷавоб нагирифтам. Афсӯс, сад афсӯс. Вой бар ҳоли шумо, ки аз дини худ бармегардед. Мусалмон террорист намешавад. Касе, ки ба ноҳақ одам мекушад, дохили ҷаннат намешавад. Дар ин бора ҳадиси мубораке ҳаст. Мо, мусалмонон, бояд бо илми худ ҷиҳод кунем. Илова бар ин, агар ҷасорат гӯед, ин ҷасорат нест. Баръакс, шармандагист. Агар шумо ҷасорат дошта бошед, хонед ва ба ватан, миллат ва дини худ хидмат кунед. Дар ин ҳол шумо лоиқи калимаи ҷасуру далер мешавед. Дар охир инро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳақ дини ислом мебошад. Худованд дар Қуръони карим мегӯяд, ки "Дине, ки дар назди ман эътибор дорад, ин дини ислом мебошад".
Салому дуруд ба шумо ва пайравони Ҳазрати Муҳаммад
Ҷовидон
------------------------------------
Аввалан, чунин тарзи суолгузориро ман ғалат мешуморам. Чунин пурсиш беэътиборист нисбати дигарон, алалхусус, онхое, ки дини худро иваз кардаанд... Барои мисол, касоне, ки мансуб ба дини мубини ислом гаштаанд, онҳо роҳи наҷотро ёфтаанд ё ба иборати дигар, садои виждонашонро гӯш додаанд. Аммо дар хеч маврид ин таҳаввулро наметавон ҷасорат ё ҷиноят номид. Ин тағйири мазҳаб аст ва таносуби ҷасорат ва ё ҷиноят ба ин ҳолат поймол кардани ҳуқуқи башар аст. Кас бояд, ки роҳи ақлу виждонашро пеша кунад. Гузашта аз ин, аҳли башар биҳишт (беҳтарин ҳаёти ухравӣ)-ро ҳадаф қарор додааст, аммо роҳҳои гуногун ӯро ба соҳили мақсуд мерасонад. Яке аз роҳи ислом, дигарӣ аз роҳи масеҳияту яҳудият. Ва ҳарчанд мо, мардуми мусалмон, дар "фарҳнги исломӣ-и худ даъвои ҳақ ва ниҳоӣ будани эътиқодамонро кунем ҳам, аз чи бошад, ки дигар аз даст ҳеч чиз намеояд, ба ҷуз дуъогӯ шудану аз Мавло ниёзи инояти дигаронро кардан.
Yunnavor
----------------------------------
Дуруд!
Аслан суолест напурсиданӣ, аммо хеле ҳам баҳсбарангез! Баъдан, аз дин баргаштан на ҷиноят аст ва на ҷасорат. Чаро? Магар аҷдоди мо ҳам, ки аз дини зартуштӣ ба дини Ислом гаравиданд, онро ҷасоратмандона қабул карда буданд? Ё худ шумори одамоне, ки ҳоло аз дини худ ошкоро рӯй метобанд, кам аст? Ҳамаи онҳоро мо ҷинояткор ё одамони ҷасоратманд гуфта метавонем? Охир, аксари онҳо аз рӯи нодорӣ ва тангдастӣ дини худро барои ноне фурӯхтаанд. Онҳоро Худои онҳо ҷазо медиҳад, на мо, ки баъзан эшонро ба динфурӯшӣ маҳкум мекунем. Барои мо муҳим пайрави кадом дин будан нест. Барои мо муҳим ин аст, ки динҳо созанда бошанду пайравонашон одамони накӯ. Маслиҳат ин аст: Биёед, ба захми дили одамон дигарбора теғ назанем. Чунки ҳар кас нисбат ба интихоби дин ва пайравӣ кардан ба динҳои гуногун ихтиёр дорад. Масалан, барои ман ҳич дине пурҳикматтару росттар аз ислом нест. Пайравони дини масеҳӣ низ дини худро чунин арҷ мегузоранд. Намояндагони динҳои дигар низ. Одамони дунё бошанд, аз чунин суолгузорӣ ва баҳси ин мавзӯъ хеле дилсард шудаанд. Масалан, вақте ман бо дӯсти азизам Катябону, ки пайрави масеҳият аст, сари ин масъала баҳс мекардам, вай зуд аз ман хоҳиш мекард, то ба ин мавзӯъ дубора барнагардам. Барои ҳамин, МАН БА ИН МАВЗӮЪ ДИГАР БАРНАМЕГАРДАМ ВА АЗ ДИНИ ХУД НИЗ!
Kayumars
--------------------------------
Салом ба иштирокчиёни майдони баҳси «Озодӣ» !
Аслан аз дидгоҳи имрӯзӣ дар ҳаёти Тоҷикистон бингарем, тарки дин на ҷасорат аст ва на ҷиноят, зеро зоҳиран намояндагони адёни дигар (бар истиснои ислом) дар кишвари мо озодона метавонанд, бо роҳҳои гуногун дини худро тарғиб кунанд. Ва дар ҳоле ки Тоҷикистон дар мушкилоти иқтисодӣ қарор дорад, бо истифода аз ин онҳо, маъмулан аҳдофи дини худро бо роҳи кумаки молӣ ва табобати ройгон ба мардуми мусулмон тарғиб мекунанд . Бархе аз ниёзмандон ва кӯдакони бепарастор дар ин замина ( албатта на аз ҷасорат ва на аз рӯи ҷиноят) ба ин «тарғибот» дода мешаванд. Ва аммо аз дидгоҳи исломӣ назар кунем, он ихлосмандонро на бо пулу мол, балки аз рӯи ҳақиқат ҷалб мекунад, зеро аз рӯи таҷриба таи солҳои ахир он афроде исломро қабул намуданд, ки на ба «мол» эҳтиёч доштанд ва на ба «табобат» (яке кайҳоннаварди амрикоӣ ва дигаре баҳрнаварди шинохта- Густо мисоли рӯшани ин гуфтаҳо буда метаваонад). Дар ин миён аз ҷониби мақомоти дахлдор таъсире ба чашм намерасад, зеро тибқи қонун дин дар Тоҷикистон озод аст ва аммо кӣ гуфта метавонад, таъсири ин раванд барои 50 соли оянда чӣ гуна хоҳад буд?
Фурӯтани Фаррухзод , Тоҷикистон
----------------------------------------------
Агар мо ба ин бовар бошем, ки инсон дар интихоби дини худ озод аст, пас тарки як дин ва гаравидан ба дини дигар на ҷиноят аст ва на ҷасорат. Ҳама чиз бастагӣ дорад ба он ки аҳли ҷомеа ба чунин рӯйдод чӣ назар хоҳад дошт. Ман шукр мегузорам, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба чунин падидаҳо осуда менигарад ва принсипи таҳаммулро дар пеш гирифтааст. Дар чунин ҳолат ҳар дине ки беш аз ҳама метавонад, ниёзи инсонро барорад, худ ба худ ҷойгоҳи хешро пайдо хоҳад кард.
Бо эҳтиром Сироҷиддин.
-----------------------------------------------
Ба андешаи ман, чунин тарзи суолгузорӣ нодуруст аст. Барои мисол, вақте ин ё он ғайримусалмон дарк мекунад, ки роҳи ҳақиқат ва наҷот танҳо ислом аст, ӯ аз дине ба ислом мегаравад, пас интихоби ҳақиқати ӯ ҷиноят аст? Не, ҳеч гоҳ! Яъне тағйири мавқеъи эътиқодотӣ на ҷасорат асту на ҷиноят! Балки он дарки ҳақиқат ва ё баръакс рӯй тофтан аз он аст!
Далер
--------------------------------------
Сарқонуни мо ба ҳама озодии динро кафолат додааст, вале банда чунин мепиндорам, ки тарки дини худ як навъ рӯ гардонидан аз расму ойин ва анъанаҳои маъруфи гузаштагони мо маҳсуб мешавад, яъне худобезорӣ аст. Агар бигӯянд, ки ҷасорат аст, ихтиёрашон, вале назари ман чунин аст, ки ҷасорат нест, танҳо муддати муайян дилбастагӣ ба ин ё он мазҳабу дин аст.

Илҳомҷон Ҳамидов
---------------------------------------
Ассалому алайкум.
Бисёр масъалаи хубро ба баҳс гузоштед.
Ба назари ман, инсон худ бояд аввал фикр кунад, ки динаш чист ва чӣ аз ӯ мехоҳад ва оқибат ӯро ба куҷо хоҳад бурд. Оё дини ӯ дини заминист ё осмонӣ ва оё дини дигаре дини ӯро мансух накардааст? Вагарна метавонад, ки дар динаш боқӣ бимонад ва агар аз дин хориҷ шавад, пас ӯ мардуд аст, ки хору залил мегардад. Ба фикри ман, ғайри ислом дине нест. Масалан, баъд аз ислом дини дигаре наомадааст, ки онро мансух кунад ва ҳарчӣ ислом мегӯяд, ба суди ҷомеа аст. Вале инсон дар дине бошад, ки талаботашро қонеъ накунад, албатта, барои ӯ беҳтар аст, ки ақлашро кор фармояду бидояту ниҳояти дини худро фикр кунад ва билоохира дарк мекунад, ки ба вай зарур аст, дини поку софу беғуборро барои худ ихтиёр кунад.
Аминҷон
-----------------------------------
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.

Aryaramna
XS
SM
MD
LG