Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" мехоҳад бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад


Вазорати инержии Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Газпром"-и Русия омодааст, бо Тоҷикистон дар коркарди захираҳои нафту гози ин кишвар ҳамкорӣ кунад. Сухангӯи ин вазоратхонаи Тоҷикистон Нозирҷон Ёдгорӣ ба радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, барои иҷрои ин тарҳ як корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия таъсис ёбад. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки раиси "Газпром" Алексей Миллер имрӯз ба Душанбе сафар дорад ва рӯзи сешанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва сарвазири ин кишвар Оқил Оқилов гуфтушунид хоҳад кард. Як намояндаи дигари Вазорати инержии Тоҷикистон гуфтааст, эҳтимолан ду кони навпайдо дар ғарб ва ҷанубушарқи кишвар ба ихтиёри ин ширкати нимадавлатии Русия дода шавад. Ахиран барномаҳои ҳамкории Русия бо Тоҷикистон афзоиш ёфтаанд. Ҳукуматҳои ду тараф мегӯянд, ҳаҷми умумии сармоягузории Русия дар иқтисодиёти Тоҷикистон 2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод, вале дар ҳеч кадоми аз ин барномаҳо кори амалӣ сар нашудааст ва баракс дигар зимни созишҳои нави Тоҷикистон барномаҳои сармоягузорони дигари хориҷӣ лағв гаштаанд.
XS
SM
MD
LG