Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳалли боздошти раҳбари мухолифини Белорус маълум шудааст


Имрӯз маълум шуд, ки раҳбари аз дирӯз боздоштшудаи мухолифини Беларус Александр Казулин дар як боздоштгоҳ дар хориҷ аз пойтахт шаҳри Минск ба сар мебарад. Ҳамсари Казулин қаблан мегуфт, ки маҳалли боздошти шавҳарашро намедонад. Аммо сухангӯи ӯ Иля Рассолов имрӯз ба бахши русии Родиёи Озодӣ гуфт, ки Александр Казулин дар боздоштгоҳи шаҳри Жодино, дар 50-километрии шарқи Минск будааст: "Алайҳи ӯ тибқи банди 339 бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз шудааст. Вакили мудофеъ барои вай фақат фардо, рӯзи душанбе хоҳанд дод. Бо вуҷуди аз Минск дур будани Жодино, таҳқиқи парвандаро як муфаттиш аз Минск анҷом медиҳад. Дар боздоштгоҳ ба мо гуфтанд, ки Казулин аз вазъи сиҳҳаташ шикояте надорад. Вале ба ҳар ҳол мо ташхиси тиббии вазъи сиҳҳати ӯро тақозо мекунем, чунки шубаҳоте дар ин маврид вуҷуд доранд. Асоситарин вазифа дар ҳоли ҳозир барои мо пайдо кардани як роҳи тамос бо Кажулин аст."

Александр Казулин рӯзи шанбе замоне боздошт шуд, ки раҳпаймоии мухолифин бо талаби раҳоии афроди боздоштшударо ба сӯи боздоштгоҳи Окрестинои Минск раҳбарӣ мекард. Вазири умури дохилии Белорус Владимир Наумов гуфт, Казулин дар пайи даъваташ аз издиҳом барои ҳамла ба таъсисоти давлатӣ боздошт шудааст. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико раҳоии Александр Казулинро аз боздошт талаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG