Пайвандҳои дастрасӣ

Украина: Тарафдорони Янукович -- дар ҷои аввал.


Тибқи натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумонии Украина ҳизби "Минтақаҳо"-и сарвазири собиқ ва номзади шикастхӯрдаи президентӣ дар Инқилоби норанҷӣ -- Виктор Янукович пирӯз шудааст. Он бо тахминан 33 дарсади рой гирифта, пешсаф аст ва эътилофи Тимошенко дар ҷои дуввум ва ҷумбиши "Наша Украина"-и раисиҷумҳур ҷои севвумро гирифтаанд.
Барои 450 курсии Верховний Рада 45 ҳизбу эътилофи сиёсӣ мубориза карда, танҳо созмонҳое, ки садди сефоизаро убур мекунанд, вориди он мешаванд. Рақобатҳои асосӣ дар интихоботи имрӯзаи Украина, бар асоси назарсанҷиҳо, байни се ташаккул - ҳизби минтақаҳои сарвазири собиқ ва номзади шикастхурдаи президентӣ дар Инқилоби норанҷӣ -- Виктор Янукович, ҷумбиши "Наша Украина"-и раисиҷумҳур Виктор Юшенко ва эътилофи Юлия Тимошенко, дигар сарвазири пешини Украина ва собиқ ҳампаймони Юшенко сурат хоҳанд гирифтааст.
Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко имрӯз, ҳангоми овоздиҳӣ интихоботи феълиро нахустин раъйгирии озоду одилона дар Украина ба қалам дод. Юшенко гуфт, вай рӯзи душанбе мушовараҳо бо аҳзоби дигари шарики инқилоби норанҷиро оғоз хоҳад кард: "Фардо, 27 март мо машваратро бо нирӯҳои сиёсие, ки эътилофи қаблиро созмон дода, дар Инқилоби норанҷӣ пирӯз шуда буданд, шурӯъ мекунем. Тайи ин мушовараҳо мо стротежии сиёсии худ дар ҷараёни музокиротро таъйин мекунем. Ва ҳам инро, ки чунин музокирот бояд дар замини кадом усули бунёдӣ созмон ёбанд."
XS
SM
MD
LG