Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наврӯз бадал карда ба дил пиру ҷавонро


Наврӯз бо пироҳани сабзу мунаққаш аз гулҳои баҳорӣ меҳмони хонадони мост. Ва ин таомули ҳазорсолаи тоҷикон аст, ки Наврӯзро чун меҳмони гиромиқадре истиқбол намоянд - манзилҳои худро поккорӣ мекунанд, аз сари шаб то субҳ суманак мепазанд, то зеби дастархони шоҳонаашон бошад, базм меороянд, афроди қаҳрӣ сӯи ҳамдигар дасти оштӣ дароз мекунанд, ҳамроҳ дона ба мазраъ меафкананд ва дуо мекунанд, ки як донаашон сад дона бигардад.

Суннатҳои Наврӯз, ки бидуни шак, аз қадимтарин идҳои олам аст, дар ҳама мавзеъҳои Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва қариб дар ҳар маҳал ин ид вижагие дорад. Ва аммо оё дар бораи Наврӯзи Аҷам ва таъриху суннатҳои он иттилоъи кофӣ дорем?

Пажуҳишгари тоҷик Рӯзӣ Аҳмадов, ки чандин сол боз таърихи Наврӯз ва суннату анъанаҳои наврӯзиро таҳқиқ мекунад ва дар ин маврид чандин рисолаҳо иншо кардааст, мегӯяд, ки мутаасифона имрӯз мардум дар бораи Наврӯз маълумоти кофӣ надоранд. Аз нигоҳи ӯ, надонистани таърих ва суннатҳои қадимтарин иди мардуми форсизабон боиси таассуф аст ва на боиси тааҷҷуб, зеро аз ин ид дар кишвар фақат соле як бор, яъне рӯзҳои Наврӯз ёд меоваранд ва ин ҳам тайи ду даҳсолаи ахир - то миёнаҳои солҳои 80 уми қарни гузашта таҷлили Наврӯз дар Иттиҳоди шӯравӣ ва аз ҷумла дар ягона кишвари форсизабони он Тоҷикистон мамнӯъ буд.

Барои шунидани сӯҳбати мо бо донишманди тоҷик Рӯзӣ Аҳмадов дар бораи таъриху суннатҳои Наврӯзи Аҷам ва дигар матолиби нашри навбатии маҷаллаи "Ганҷина" - ҷашнгирии Наврӯз дар Яғноб, паёмҳои наврӯзии овозхонҳои эронии муқими Амрико, вижагиҳои таҷлили Наврӯз дар Қирғизистон, лутфан, рамзи радиочаро дар охири сарлавҳа "нохун" занед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG