Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафсилоти сӯхтор дар бозори "Корвон"


Шаби 25 ба 26 март дар бозори "Корвон",воқеъ дар ҷануби пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 12 дӯкони либос ва анвоъи хурданӣ ба коми оташ рафтааст. Яке аз масъулини бозори "Корвон", ки аз овардани номаш худдорӣ кард, дар робита ба ин ҳодиса гуфт: "12 мағоза сӯхтааст. Инҳо аслан мағозаҳои либосворӣ ва атриёт ва каму беш хӯрокворӣ буданд."

Фӯрӯшандаи яке аз дӯконҳои ба коми оташ рафтаи либосфурӯшӣ, ки худро Сайёра муаррифӣ кард, мегӯяд, дар дӯкони вай ба маблағи беш аз 5 ҳазор доллари амрикоӣ матоъу либос ва атриёт будааст: "Милисаҳо моро ҳатто наздик шудан намонданд. Агар мемонданд, шояд ман ҳам ягон чизамро аз оташ наҷот медодам."

Дӯкондори дигар, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, бино ба сари вақт расида омадани хадамоти оташнишонӣ 10 фоизи молу ашёи дӯконашро тавонистааст, аз оташ наҷот диҳад. Ӯ мегӯяд: "Ман чӣ гӯям? Биёянд ҳукуматдорон ва бинанд, ки чи гап аст ин ҷо? Охир ин севвумин сӯхтор аст, ки дар ин бозор ба амал меояд."

Саид Ғайюров, сардори раёсати таҳқиқоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо родиёи Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир сабабҳои вуқӯъи оташсӯзӣ аз сӯи гурӯҳи махсуси ин вазорат омӯхта мешавад, вале бино ба натоиҷи таҳқиқоти пешакӣ, ӯ мегӯяд, имкон дорад, сӯхтор бар асари беэҳтиётии нигаҳбонони бозор ба амал омада бошад Оқои Ғайюров мегӯяд: "Шояд аз барқ шуда бошад. Ҳоло омӯхта истодаем, барои ҳамин ҳам, ман ҳоло пешакӣ ҳеҷ чиз гуфта наметавонам."

Бино ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, оташсӯзии шаби шанбе ба якшанбе 850 метри мураббаъи бозори "Корвон"-ро тахриб кардааст. Феълан зарари ба бор овардаи оташсӯзии мазбур муайян нашудааст, аммо бино ба гуфтаи дӯкондорон, дар ҳар дӯкони сӯхта ба маблағи аз 5 то 10 ҳазор доллари амрикоӣ либосворӣ, атриёт ва ё анвоъи хӯрданӣ будааст. Тоҷирони бозори "Корвон" мегӯянд, ин севвумин ҳодисаи оташсӯзӣ дар тӯли 2 соли ахир дар ин бозор будааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG