Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори нав дар бозори "Корвон"


Шаби шанбе ба якшанбе дар асари сӯхтор беш аз 850 метри мураббаъи бозори "Корвон", воқеъ дар ҷануби пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ба коми оташ рафтааст. Боди тунди ҳамроҳ бо бориш ва мавқеъияти беназмонаи дӯконҳо кори сӯхторнишонҳоро дучори мушкили зиёд кардааст. Навбатдори ситоди раёсати ҳолоти изтирории шаҳри Душанбе ба Родиёи Озодӣ гуфт, ба воҳидҳои сӯхторнишонӣ танҳо субҳи якшанбе муяссар шуда, ки сӯхторро фурӯ нишонанд. Вай афзуд, ки хушбахтона ин ҳодиса бидуни кадом қурбонии ҷонӣ тамом шудааст.

Акнун дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ ба кор шурӯъ кардааст, ки бояд илали оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисороти ворида ба тоҷирони бозори "Корвон" дар асари ин ҳодисаро муайян кунад. ИТАР-ТАСС менависад, ки муфаттишон чанд фарзия, аз ҷумла фарзияи қасдона оташ задани бозорро таҳқиқ мекунанд.

Дар моҳи августи соли гузашта дар натиҷаи як оташсӯзӣ фурӯшгоҳи дуошёнаи "Элегант", иборат аз 120 дӯкон, ки низ дар қаламрави бозори "Корвон" воқеъ буд, ба коми оташ рафт. Дар асари он оташсӯзӣ тоҷирони "Корвон", ба асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ба маблағи қариб 80 миллион доллар молу дороии худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG