Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо дар шаҳри Минск


Охирин хабарҳои расида аз пойтахти Беларус мегӯянд, ки раҳпаймоии ғайримуҷози имрӯзаи тарафдорони мухолифин дар ниҳоят ба даргирии байни эътирозгарон ва нирӯҳои милиса мунҷар шудааст. Хабарнигори бахши беларусии Родиёи Озодӣ дар Минск мегӯяд, ӯ садои чанд таркишро ҳам шунида, афродеро ба чашм дидаааст, ки рӯи замин хобида буданд.Ин дар ҳолест, ки хабарҳои қаблӣ мегуфтанд, ки гирдиҳамоии мухолифин ба таври оромона поён ёфтааст.

Эътирозгарон лағви натоиҷи интихоботи рӯзи 19 март, баргузории интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ ва раҳоии ҳама афроди дар пайи интихоботи рӯзи 19 март боздоштшударо талаб карда, ҳаққи ширкати барандаи интихоботи як ҳафтаи пеш раисиҷумҳури кунунии Беларус Александр Лукашенкоро дар интихоботи нав ғайриқонунӣ хондаанд.
Раҳбари мухолифин Александр Милинкевич ба издиҳоми гирдиҳамомада дар майдони Янка Купала дар бораи таъсиси як ҷумбиши мардумӣ барои озодии Беларус хабар дод.

Ибтидо қарор буд, раҳпаймоӣ дар майдони Октябр доир шавад. Вале нирӯҳои милиса монеъи вуруди издиҳом ба ин майдон шуданд.
XS
SM
MD
LG