Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз иди Наврӯз дар шаҳри Маскав


Тоҷикони муқими Маскав рӯзи шанбеи 25 март ҷашни Наврӯзро бо иҷтимоъи бошукӯҳ бо дигар миллатҳо таҷлил карданд. Ҷашни Наврӯз бо ибтикори шаҳрдории Маскав ва иҷтимоъи 3 000 мардумони гуногунтабор дар намоишгоҳи маркази пойтахти Русия баргузор гашт. Дар маҳфил ҳудуди 350 нафар аз тоҷикон низ ширкат доштанд.

Дар маросими ифтитоҳи ҷашн Алексей Александров, раиси кумитаи равобити байналмилалӣ ва сиёсати миллии шаҳрдории Маскав ҳамзамон бо табрику шодбош аз номи мири шаҳр Юрй Лужков эълом кард, тоҷикону эрониёну афғонҳо ва даҳҳои дигар барои таҷлили ҷанше дар ин толор гирд омаданд, ки аз қаъри асрҳо расида ,вале тозагӣ ва шукӯҳи худро ҳифз кардааст. Дар маросими Наврӯз дар Маскав намояндагони сафоратҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.

Тоҷикони муқими Маскав дар ҷашни Наврӯзи Маскав бо баргузории як намоишгоҳи бузурги наққошӣ ва сару либос ва як барномаи ҳунарии нимсоатӣ бо ширкати дастаи ҳунарии "Даргилик" ва дастархони наврӯзӣ ва як филми мустанади наврӯзӣ ширкат карданд. Шеваи ширкати 9 итиҳодияи миллии дигар низ аз ҳамин дастур буд.

Дар маҷмӯъ ҷашни Наврӯз дар Маскав бо риояти тамомии суннатҳо ва анъаноти ин ҷашн баргузор гардид. Аслан он чизҳое муарифи шуданд, ки тайи 3000 гаштаву баргашта муарифӣ шудаанд. Аммо тозатарин хабар дар ин маҳфил ин буд, ки Наврӯз, ин ҷашни 3000-солаи мардумони эронитабор дар яке аз калонтарин шаҳрҳои ҷаҳон, ки беш аз даҳ миллион аҳолӣ дорад, аз сӯи шаҳрдории Маскав иди байни миллатҳо эълом шуд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG