Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷҳои тобистонаи Радиои Озодӣ


Cалими Аюбзод

Бо сабаби тағйири соатшуморӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, ки дар субҳи якшанбе, 26-уми март, бо як соат пеш бурдани ақрабак ба амал меояд, мавҷҳои пахши барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ низ тағйир мекунад. Дигаргунӣ танҳо ба мавҷҳои пахш дахл дошта, соатҳои нашри барномаҳо бетағйир боқӣ мемонад. Барномаҳои бомдодӣ аз соати 6 то 9 (ба вақти Душанбе) рӯйи мавҷҳои 31, 22 ва 19 метр, баробар бо 9760, 13 760 ва 15 525 килуҳертс ва барномаҳои шомгоҳӣ аз соати 19 то 22 рӯйи амвоҷи 31, 25 ва 40 метр, баробар бо 9760, 7190, 11 895 ва 11 975 килуҳертс пахш хоҳанд шуд. Барномаҳои моро бо беҳтарин сифати садо аз ҳамин сомона бо пахши рамзи сурхи радио ва бойгонии барномаҳоро дар бахши "Аудио" метавонед шунид.
XS
SM
MD
LG