Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Нест бод сил!"


Cозмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) барномаи нави муборизаи зидди бемории силро муаррифӣ намуд, ки тибқи он бояд дар тӯли 10 соли оянда сатҳи маргумири одамон аз ин беморӣ дар ҷаҳон 50 дар сад коҳиш дода шавад: яъне дар натиҷа дар тӯли даҳсолаи оянда ҳаёти 14 миллион одам наҷот хоҳад ёфт. СҶБ умедвор аст, ки то 45 соли дигар марази силро пурра аз байн мебарад. Ба ин барнома дар тӯли 10 соли оянда 56 миллиард доллар бояд масраф шавад. Миллиардери амрикоӣ, бунёдгузори барномаи компютерии Микрософт Бил Гейтс ваъда додааст, ки 600 миллион доллари ин барномаро мепардозад.

Корманди СҶБ Мукунд Уплекар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ моҳияти барномаи навро шарҳ дод. Бахше, ки ҷаноби Уплекар кор мекунад, "Стоп ТБ!", яъне "Бо сил муқовимат кунед!" ном дорад:

"Стратегияи нави мо бар пояи ҳамон барномаи қаблӣ - барномаи кӯтоҳмуддати мубориза ба зидди сил таҳия шудааст, ки татбиқи он дар даҳ соли гузашта муваффақона идома дошт. Дар тӯли ин даҳ сол беш аз 20 миллион гирифтори сил шифо ёфт. Вале агар мо бемории силро пурра дар ҷаҳон аз байн бурданӣ бошем, ин барномаи кӯтоҳмуддат кофӣ нест. Зеро дар ин миён, мушкилиҳои нав ба миён омадаанд ва ё баъзе масоиле вуҷуд доранд, ки барномаи қаблӣ онҳоро ба қадри кофӣ фаро нагирифтааст. "

Шумо масалан, кадом мушкилиҳоро дар назар доред?

"Яке аз онҳо, масалан, бемории сили вобаста ба марази СПИД мебошад. Ин масъала дар бисёр кишварҳо вуҷуд дорад, вале бештар аз ҳама дар Африқо мушоҳида мешавад. Мушкили дуввум пайдоиши он навъи сил аст, ки барангезандаи он дар муқобили дору тобовар мебошад. Ин навъи сил бештар дар Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои собиқ шӯравӣ вуҷуд дорад. Хулоса, чунин проблемаҳо зарурати густариши барномаи қаблии муборизаи зидди силро ба вуҷуд овардаанд. Барои табобати силе, ки ба доруҳо тобовар аст, мо ба доруҳои нав зарурат дорем. Нархи ин доруҳо гаронтар мебошад ва бемор бояд онро муддати тӯлонитар истеъмол намояд. Ин ҷо мушкилоти дигар низ вуҷуд доранд."

Аммо ба ҳар ҳол, оё вижагии барномаи нави шумо дар чист?

"Назорати бемории сил кори якрӯза нест, ин мисли марафон аст. Ба ин муборизаи тӯлонӣ мо бояд одамон ва ҷомеаҳоро шарик бикунем. То кунун мо бо васоили кӯҳна ва усулҳои садсолаи ташхис фаъолият мекунем. Доруҳои кунунӣ ба беморони сил дар тӯли 6 моҳ дода мешаванд. Ин муддати тӯлонӣ аст ва мушкил аст, ки бемор ба таври ҳама рӯза, муназзам шаш моҳ дору хӯрад. Аз ин сабаб, мо ба доруҳои нав ниёз дорем. Мо ба тарзи нави ташхиси беморӣ зарурат дорем. Аз ҳама муҳимтар, мо бояд ваксинаи зидди сил дошта бошем. Зеро танҳо ваксина метавонад барои ҷилавгирӣ ва аз байн бурдани сил кӯмак кунад."
XS
SM
MD
LG