Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина рӯ ба куҷо хоҳад овард?


Дейзӣ Синделар Натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар Украина ҷараён мегирад метавонанд, дар таъйини ояндаи ин кишвар нақши ҳалкунанда бозанд.

Бештар аз як сол пеш дар Украина инқилоби норанҷӣ рух дод ва номзади мухолифон, Виктор Юшченкоро ба қудрат расонд. Шарики ӯ дар ин инқилоб, Юлия Тимошенко сарвазир шуд ва ҳукумати навро ташкил дод. Вале ба зудӣ дар байни ду ҳамсафи муборизаҳои сиёсӣ ихтилоф афтод ва Тимошенко бо ҳайъати худ аз мақомҳо барканор гардид. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки номзади шикастхӯрдаи мавриди пуштибонии Русия -- Виктор Янукович тарафдорони худро дар як ҳизб ҷамъ овард ва низ аз ширкаткунандагони муҳими интихоботи нави порлумонист.

Ба ин тартиб ҳам Тимошенко ва ҳам Янукович дар муқобили президент Юшченко сангар мегиранд ва Юшченко маҳкум ба ин аст, ки бо яке аз онҳо ҳампаймон шавад. Аммо ҳампаймонӣ бо хонуми Тимошенко агар дар сиёсати Украина тағйири сахте ба бор наорад, ҳампаймонӣ бо Янукович метавонад, Украинаи ғарбгароро ба Русиягаро табдил диҳад. Аммо Нодия Макконел, раиси Бунёди Иёлоти Муттаҳида-Украина мегӯяд: "Ҳанӯз таъсири инқилоби норанҷӣ баҷост ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Украина то рафт қавитар мешавад ва роҳе ба гузашта вуҷуд надорад. мумкин аст, на ҳама чиз ба зудӣ ва аз реша иваз шудааст, аммо пешравӣ идома дорад."

Аммо аз инқилоби норанҷӣ то имрӯз, Украина на танҳо шикасти блоки Юшченко-Тимошенкоро дид, балки дар сардтарин рӯзҳои зимистони гузашта таҳти фишори ба истилоҳ ҳамлаи газии Русия монд, ки таъсирашро дар ҳар манзил ҳис карданд. Эҳтимол меравад, ки ройи осебдидагон ва норозиён ба фоидаи Янукович ҳал хоҳанд шуд ва худи ӯ низ ҷудоии шарқу ғарби кишварро ба манфиати хеш истифода карда, пирӯз хоҳад гашт.
Он гоҳ ду рақиби собиқ маҷбур ба ҳамкорӣ хоҳанд шуд ва бархе аз таҳлилгарон аз эҳтимоли бозгашти Украина ба оғӯши Русия ҳарф мезананд.

Лекин Влодимир Жарихин, ноиби мудири Пажӯҳишгоҳи умури Ҷомеаи муштаракулманофеъ мегӯяд, пирӯзии Янукович ба таври автоматӣ маънии бозгашт ба канори Русияро нахоҳад дошт, аммо боз ҳам хуб хоҳад буд, ки ҳукумати Юшченкоро коро ва ҷудоии бахшҳои кишварро тармим хоҳад кард: "Агар ҳукумати Украина рӯ ба афсонаи узвияти зудрас дар Иттиҳоди Аврупо накунад ва ба мушкилоти аслии мардуми украин нигарад, баҳси созандаи муносибатҳои миёни Русия ва Украин имконпазир мешавад. Барои Русия низ ин беҳтар аст, зеро бо афроде кор хоҳад кард, ки ошиқи чашмбастаи Ғарб набуда, муносибатҳо бо Русия, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаро дар заминаҳои воқеӣ баррасӣ кунанд."

Дар ҳоли ҳозир маъракаҳои таблиғотӣ идома доранд ва Янукович дар онҳо ба русию украинӣ сӯҳбат карда, ба мардум ваъда медиҳад, ки бо истифода аз робитаҳояш дар Кремл метавонад, мушкили газро ба зудӣ ҳал кунад. Аммо ин бор маъракаи ӯро на мушовирон аз Маскав, балки Пол Манарофт, аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Иёлоти Муттаҳида раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG