Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз солгарди сарнагунии давлати пешин дар Қирғизистон


Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳру рустои Қирғизистон нахустин солгарди сарнагунии давлати Аскар Оқоевро ҷашн гирифтанд.
Қурмонбек Боқиев - раисиҷумҳурии Қирғизистон дар суханронии худ хитоб ба мардуми ҷамъомада дар майдони марказии Бишкек гуфт:

"Ҳаммиҳанони гиромӣ! Ширкаткунандагони азизи инқилоби мардумӣ! Ман ҳамаи шуморо аз самими қалб бо пирӯзии инқилоби мардумии 24 март шодбош мегӯям!"

Як сол пеш тӯдаҳои хашмгини мардум дар Бишкек ба кохи раёсати ҷумҳурӣ юриш бурданд, ки дар натиҷа Аскар Оқоев - раисиҷумҳурии вақти Қирғизистон нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба Русия паноҳ бурд. Вай ҳанӯз дар Русия ба сар мебарад. Оқои Боқиев нахуст ба унвони кафили мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва сипас ба унвони раисиҷумҳурии мунтахаб қудратро ба даст гирифт.

Оқои Боқиев гуфт, ки ҳамакнун Қирғизистон кишваре мутафовит аст ва дигар "истибдоду фасоди давлатӣ боз нахоҳад гашт ва дигар беадолатӣ дар ин кишвар ҷой нахоҳад дошт". Вай ҳамчунин қавл дод, ки ба беҳбуди вазъияти иқтисодӣ хоҳад кӯшид.

Мари Ёванович - сафири Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Бишкек аз Қурмонбек Боқиев хост, ки ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро оғоз кунад, то "ояндаи равшани Қирғизистон тазмин шавад".
XS
SM
MD
LG