Пайвандҳои дастрасӣ

Домпизишкони тоҷик ба Суед мераванд


Донишгоҳи кишоварзии Упсалаи Суед (Шветсия) тасмим гирифтааст дар омодасозии коршиносони кишоварзӣ, бахусус домпизишкӣ (байторӣ) ба Тоҷикистон кумак кунад. Бино ба иттилоъи Раёсати байтории Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ахиран дар пайи дидори мақомоти ин ниҳод аз Суед дар ин замина тавофуқе ҳосил шудааст. Муллоҷон Амирбеков - сарвари Раёсати байтории Тоҷикистон, ки дар ин сафар ҳайъати Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ гуфт, боздиди онҳо аз Суед бино ба даъвати Донишгоҳи кишоварзии Упсалаи ин кишвар сурат гирифтааст:

« Ҳамин хел маслиҳат шуд, ки аз соли 2007 ба баъд ҳаждаҳ нафар коршиноси риштаи домпизишкии Тоҷикистон дар донишгоҳи кишоварзии шаҳри Упсалаи Суед омӯзиш бибинанд. Ҳамаи маблағи ин давраҳои омӯзиширо бар асоси тавофуқи бадастомада ҷониби Суед пардохт мекунад»

Оқои Амирбеков афзуд, ҷониби Суед ҳамчунин эъломи омодагӣ кардааст, ки дар шаҳри Душанбе як озмоишгоҳи мудерн барои ташхиси фаровардаҳои кишоварзӣ бунёд кунад. Ин озмоишгоҳ қарор аст дар чорчӯби тарҳҳои SIDA - Барномаи байналмилалии тавсеъаи Суед дар Тоҷикистон бунёд шавад ва маблағи он тавассути давлати Суед комилан пардохт мешавад.

Сарвари раёсати байтории Тоҷикистон зимни таъкид бар зарурати таъсиси як чунин озмоишгоҳи муҷаҳҳаз гуфт, ин озмоишгоҳ дар ростои коргирӣ аз навтарин фанновариҳои марбута бунёд мешавад ва фаъол шудани як чунин озмоишгоҳ барои нахустин бор дар Тоҷикистон ин имконро фароҳам месозад, ки ташхиси бемориҳои марбут ба ҷонварон зарфи фақат се соъат анҷом бигирад. Ин дар ҳолест, ки бо имконоти феълии озмоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамакнун ташхиси ин бемориҳо беш аз се-чаҳор рӯз ба дарозо мекашад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Раёсати байтории Тоҷикистон, ба манзури интихоб ва ирсоли коршиносони тоҷик ба Суед барои ширкат дар давраҳои омӯзишӣ як озмун эълом шудааст. Гуфта мешавад, 18 коршиноси мавриди назар бар асоси озмун баргузида ва бо тавсияи раёсати мазкур барои ҳузур дар як давраи омӯзишии дусола ба Суед фиристода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG