Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни мусобиқоти тирандозӣ


Дастаи мунтахаби вилояти Суғд пас аз тими мизбон - пойтахти кишвар дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи ноҳияи Шаҳринав мақоми севвумро касб кард. Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон Сергей Бабиков аз шаҳри Душанбе дар тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ шуд. Ин тирандози машҳур, ки дар саффи даҳ варзишгари мумтози Тоҷикистон дар соли 2005 қарор дорад, ба родю Озодӣ гуфт, тирандозӣ дар кишвар сол ба сол рушд мекунад. Ба гуфтаи вай, ин риштаи варзиш бо тавоноии дифоъии кишвар робитаи мустақим дорад ва яке аз навъҳои умдаи варзиши низомию корбурдӣ ба шумор меравад.

Боз ду варзишгари Душанбе - Олег Набиев мақоми дуввум ва Фахриддин Сироҷиддинов мақоми севвумро ишғол карданд.

Гулнора Ҳомидова аз шаҳри Хуҷанд дар тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр миёни занон пирӯзӣ ба даст овард. Душанбегиҳо - Сурайё Ҷумъаева нафари дуввум ва Шаҳодат Саидова севвум шуданд.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Рӯзи ҷумъа, 24 март дар Теҳро, пойтахти Эрон, севвумин даври Ҷашнвораи байналмилалии футбол оғоз шуд. Дар ин мусобиқот, ки ба ибтикори Конфедератсиони футболи Осиё доир шуда, то 29 март идома мекунад, футболбозони зери 14 сол ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Эрон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон зӯрозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG