Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабехуни пулис ба муътаризон дар Белорус


Нирӯи пулис дар Белорус тазоҳуроти мухолифонро дар маркази шаҳри Минск пароканда кардааст.

Пулиси зиддишӯриш дар соъоти шаб ба чодарҳои муътаризон шабехун зад ва ҳудуди 200 нафарро боздошт кард. Ин афрод дар эътироз ба интихоби муҷаддади Аляксандр Лукашенко барои давраи севвуми раёсати ҷумҳурии Белорус даст ба тазоҳуроти шабонарӯзӣ зада буданд.

Аляксандр Милинкевич - раҳбари мухолифон дар вокуниш ба ин рӯйдод гуфт:

"Ман фикр мекунам, ки мақомот бори дигар намоиш доданд, ки дарке аз мафҳуми гуфтугӯ бо ҷомеъа надоранд. Онҳо намедонанд, ки бо мардум чи гуна бояд вориди гуфтугӯ шуд. Онҳо танҳо забони зӯру хушунат ва дурӯғро мефаҳманд".

Оқои Милинкевич афзуд, ки мухолифон ҳанӯз мусаммаманд рӯзи шанбе (25 март) дар маркази шаҳри Минск роҳпаймоӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG