Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бофти тозаи кобинаи Афғонистон


Дар феҳрести асомии аъзои ҷадиди ҳайъати давлати Афғонистон дуктур Додфари Сипанто - мушовири раёсати ҷумҳурӣ дар умури байналмилал дар мақоми вазорати хориҷа ҷойгузини дуктур Абдуллоҳ шудааст. Ҳамкорам Фарҳоди Милод дар Кобул дар бораи дигар тағйироти машҳуд дар ин феҳрест мегӯяд:

"Бино бар ин феҳрест ҷамъан 13 вазир аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Заррор Аҳмад Муқбил - сарпарасти собиқи вазорати умури дохилаи Афғонистон ба сарварии ин вазоратхона пешбарӣ шудааст".

Давлати Афғонистон бедиранг эълом кард, ки азлу насбҳои мавриди назар бо таваҷҷуҳ ба асли шоистасолорӣ сурат гирифтааст. Аммо ба назари бисёре аз коршиносон, Афғонистон ҳанӯз дар марҳилае нест, ки аз чанги қавмгароӣ ва маҳалгароӣ раҳо шуда бошад ва маъмулан таркиби қавмии ҳар ниҳоде зери заррабини ҷомеъа меравад. Оё дар феҳрести нав то чи андоза ба ин усул таваҷҷуҳ шудааст? Фарҳоди Милод мегӯяд:

"Сарварии 10 вазоратхона аз ҷамъи 26 вазорати Афғонистон ба тоҷикон расидааст. Шумори паштунҳо дар ин феҳрест 9 тан аст. Ҳазораҳо - 5, узбакҳо - ду нафар ва якнафарӣ туркману балуч".

Вале таваҷҷуҳи умда ҳамчунон ба барканории дуктур Абдуллоҳ аз мақоми вазорати хориҷа маътуф аст. Вай дар ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ низ ҳамин симматро дошт ва аз чаҳор сол пеш, яъне аз замони зуҳури давлати навини Афғонистон то кунун вазири хориҷаи кобинаи Ҳомид Карзай будааст.

Дуктур Абудллоҳ яке аз се узви Шӯрои Низори Эътилофи Шимоли Афғонистон буд, ки дар паи имзои паймони Бунн дар авохири соли 2001 вазоратхонаҳои калидии Афғонистонро ба даст оварданд. Юнуси Қонунӣ ва Қасими Фаҳим барои даврае нисбатан кӯтоҳтар мутаносибан вазоратхонаҳои умури дохила ва дифоъро тасаддӣ мекарданд. Ва акнун дар сурати тасвиби феҳрести ҷадиди аъзои кобина тавассути маҷлиси суфлои Афғонистон охирин узви Шӯрои Низор низ ҳайъати давлатро тарк хоҳад кард.

Нигоҳи Амини Тарзӣ - таҳлилгари родю Озодӣ дар умури Афғонистон ба шарҳи зер аст:

"Сегонаи Фаҳим, Қонунӣ ва Абдуллоҳ дар мақомҳои вазорати дифоъ, умури дохила ва хориҷа дар оғози кор аз се ҷиноҳи аслии Шӯрои Низор намояндагӣ мекарданд. То кунун танҳо як ҷиноҳ аз ин ташаккул қудрати худро дар кобина ҳифз карда буд ва акнун ӯ ҳам дар ҳоли тарки кобина аст. Ин таҳаввул дар воқеъ ба шикасти тамомии ҷиноҳҳои Шӯрои Низор мемонад, ки дар соли 2002 қудратро дар Афғонистон қабза карда буданд".

Гузоришҳои расида аз Кобул ҳокист, ки дуктур Абдуллоҳ пешниҳоди тасаддии чанд ниҳоди камнуфузтарро рад кардааст. Аммо оё барканории комили ӯ аз қудрат чи паёмадҳое хоҳад дошт? Амини Тарзӣ мегӯяд:

"Пойгоҳи қудрати дуктур Абдуллоҳ бисёр заъиф аст. Ба ҳар ҳол, вай ҳаргиз аз аъзои қавии Шӯрои Низор ба шумор намерафт. Аз ин рӯ, ба назар намерасад, ки вай битавонад шахсан вокунише қавӣ нишон диҳад, магар ин ки дигар ҳамсаффонаш ба ӯ кумак кунанд. Шояд миёни оқои Карзай ва муъовини ӯ, ки бародари Аҳмадшоҳи Масъуд аст, як навъ тавофуқе дар ин бора сурат гирифта, ки дар ин сурат Шӯрои Низор мутаҳаммили шикофе дигар хоҳад шуд. Аммо худи дуктур Абдуллоҳ ба танҳоӣ на қудрати низомӣ дорад ва на аз нуфузи фарогири сиёсӣ бархурдор аст, то ба танҳоӣ битавонад коре анҷом бидиҳад".

Феҳрести асомии аъзои тозаи давлати Афғонистон рӯзи панҷшанбе (23 март) ба маҷлиси суфлои порлумон ироа шуд ва интизор меравад баррасии он барои чандин рӯз ба дарозо бикашад. Қарор аст намояндагони маҷлиси суфло якояки 26 узви кобинаи ҷадидро ба ҳузури худ бихонанд ва мавриди пурсуҷӯ қарор диҳанд, ки чаро он симмати бахусусро пазируфтаанд ва мехоҳанд ба унвони узви кобина чи корҳое анҷом диҳанд. Сипас намояндагони маҷлис ба тарафдорӣ ё мухолифат бо так-таки афроди пешниҳодӣ раъй хоҳанд дод. Бисёре аз намояндагони маҷлис хостори раъйдиҳии пӯшида ё махфӣ шудаанд, дар ҳоле ки Юнуси Қонунӣ - раиси маҷлиси суфлои Афғонистон моил аст, ки раъйдиҳӣ ошкору аланӣ бошад.

Дар сурати таъйиди феҳрести пешниҳодии Ҳомид Карзай, дар кобинаи ҷадиди Афғонистон Исмоъил Хон - волии бонуфузи пешини Ҳирот танҳо ҷангсолори собиқ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG