Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти сафорати Амрико дар Тоҷикистон


Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Душанбе бо нашри як изҳорот тасмими ҳукумати Узбакистонро маҳкум кардааст, ки аз намояндагии Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) хостааст, дар як моҳи оянда Узбакистонро тарк кунад. ИМА аз Тошканд даъват мекунад, ки тасмими худро бекор намуда иҷоза бидиҳад, ки UNHCR фаъолиятҳои худро дар Узбакистон дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирону паноҳҷӯён идома диҳад. Дар баёнияи сафорат инчунин аз сарнавшти 18 паноҳандаи узбакистонӣ изҳори ташвиш мешавад, ки ба таври маҷбурӣ аз қаламрави Қазоқистону Қирғизистон ва Украина ба Узбакистон интиқол дода шудаанд. Алорағми дархостҳои чандинкарата, гуфта мешавад дар баёнияи сафорати Амрико, UNHCR ҳанӯз ҳам имконияти расидагӣ ба вазъи ин паноҳҷӯёнро надорад. Узбакистон ҳанӯз ҳам фишорро бар ҳукуматҳои минтақа идома медиҳад, то паноҳҷӯёни узбакистонӣ ба таври маҷбурӣ ба зодгоҳи худ баргардонида шаванд, гуфта мешавад дар идомаи баёнияи сафорати Амрико дар Душанбе. Дар изҳороти мазкур аз ҳукуматҳои минтақа, ки паноҳандаҳои узбакистониро дар боздошт нигоҳ медоранд, даъват мешавад, ки аз бозгардони онҳо ба Узбакистон худдорӣ варзанд. Амрико мегуяд, ки ин ҳукуматҳо бояд ба ҳаққи ашхоси ҷудогона эҳтиром гузоранд, ки метавонанд ба хотири фирор аз заҷру шиканҷа дар кишвари худ аз давлатҳои хориҷӣ дархости ҳимоят кунанд.
XS
SM
MD
LG