Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Уштур дар зери Анзоб боз шуд


Рӯзи панҷшанбе, 23 март, тибқи ваъдаи қаблӣ ва пас 20 моҳи азсаргирии куҳканӣ, нақби Уштур дар зери гарданаи Анзоб кушоиш ёфт. Дар маросими ифтитоҳи нақб, ки ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, Асадулло Ғуломов - муъовини нахуствазири кишвар ҳузур дошт.

Ҳамчунин дар ин маросим аз ҷониби Эрон масъулони ширкати сохтмонии "Собир байналмилал" - мутасаддии бунёди тунел ширкат доштанд. Дар вурудии ҷанубии нақби Уштур маросими вижа баргузор шуд ва муъовини нахуствазир ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Эронро ҷиҳати бунёди ин тунели муҳим ситоиш кард.

Сипас гурӯҳе аз намояндагони давлатҳои Тоҷикистону Эрон дар аввалин мошинҳо аз тариқи нақби Уштур аз ҷануб ба шимоли кишвар роҳ паймуданд. Ҳамзамон, дар поёнаи шимолии тунел шуморе аз мардум ва масъулони ноҳияи Айнӣ ҷамъ омада буданд ва аз ин ҳодисаи муҳимми иқтисодии кишвар истиқбол карданд.

Сохтмони нақби Уштур, ки дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсию иқтисодӣ мутаваққиф шуда буд, дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 милюн дуллор ихтисос дода буд, ки 10 милюни он кумаки ройгони Эрон ба Тоҷикистон аст.

Бароти Юсуфӣ, аз Душанбе
XS
SM
MD
LG