Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назари Шумо ба интихоботи Белорус


Ассалом, ҳамватанони азиз!
Оиди масъалаи Белорусия ҳаминро гуфтаниям, ки Белорусия ҳуқуқи self-determination - ҳуқуқи муайян кардани ояндаи хешро дорад. Ва неруҳои хориҷӣ набояд мудохила кунанд.
Вале мушкил дар он аст, ки дар кишвар барои озодии баёни афкори хилоф майдони озодӣ фароҳам оварда нашудааст.
Масалан, пеш аз мудохилаи Амрико Саддом Ҳусейн сад дар сади овози халқи худро гирифт, ки ин "комёби"-ро ҳатто Наср дар Ҷазиратулараб ба даст наоварда буд. Вале афроди ҳамин халқ баъди мудохилаи Амрико дасти аскарони амрикоиро бӯсиданд ва сарвари "интихобкарда"-и хешро қотил шумурданд. Чӣ ҷои тааҷҷуб ва Саъдӣ чӣ хуб гуфта: "Такя бар дунё макун, ки дунёро бақо нест, такя бар халқ макун, ки халқро вафо нест. Такя бар Худо кун, ки бандаро ҷуз Худо нест!"
Дар мавзӯъи Белорусия гуфтаниам, ки овоздиҳӣ шаффоф набуд, вале мудохила пеш аз интихобот бояд на баъд аз он, мудохила дар мафкураи халқ бояд на дар вуҷуди он ва ба роҳи сулҳ, на бо роҳи зурӣ.
Мухолифини белорус бояд мағлубияти худро қабул кунанд ва аз хатоҳои худ сабақ биомӯзанд барои интихоботи дигар.
Вале агарчӣ халқ ба онҳо боварӣ дошта бошад ҳам, набояд халқро ба майдон даъват кунанд, то бозичаи дасти фитнагарони дохиливу аҷнабӣ нагарданд. Инро, ба фикрам, мо, тоҷикон, чӣ аз воқеъаҳои февралӣ ва чӣ аз майдонҳои пеш аз ҷанги дохилӣ хубтар медонем.
Умедворам, халқи Белорусbz ин марҳалаи муҳими таърихи хешро аз роҳи осоишта паси сар мекунад ва умедворам халқи мо низ аз қисса ҳиссае мегиранд.
deepimpact@mail.ru
_____________________

Лукашенко диктатор аст ва маълум аст, ки диктаторҳо дар интихоботҳо чи гуна ғалаба мекунанд. Якум сабабаш ин аст, ки ба ҳамаи номзадҳо имконияти баробар дода нашудааст. Фикри ман ин аст, ки дар Тоҷикистони мо ҳам ҳамин хел мешавад, зеро бо вуҷуди фарқиятҳо Раҳмонову Лукашенко ба ҳам монанд мебошанд.
Назар Ашурзода
---------------------------------------
Аз рӯи маводи матбуот, зиндагии мардум Белорус хеле хуб аст ва иқтисолдиёти он рушд мекунад ва ба ҳамин сабаб аст, ки халқи беларус ба Лукашенко овоз дод. Лекин ба ҳар ҳол, мумкин 82 % набуда, камтар шояд буд, зеро ки ҳар касе дуру дароз президентӣ мекунад, дар атрофаш афроди зиёдеро ҷамъ меорад, ки ҳамин гуна барояш дар рӯзи интихобот "хидмат" карда, баъзан аз ҳад мегузаронанд. Баҳои банда ин аст, ки одилона набуд, аммо чандон ноодилона ҳам нест.
Сайидвалӣ
XS
SM
MD
LG